ТАЛКО мегӯяд, ба Русал 275 миллион доллар доданӣ нест
Додгоҳи Швейтсария қарор кардааст, аз корхонаи алюмниюми Тоҷикистон, “ТАЛКО” ба нафъи Hamer Investing Ltd, зерширкати “Русал”-и Русия дар ҳаҷми 275 миллион доллар ҷуброн рӯёнда шавад.
Дар ин бора Оҷонсии иттилооти ҳуқуқию судии Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба маблағи ҷуброн, аз ҷумла 112,7 миллион доллар ҳаққи глиноземи соли 2003 ба ТАЛКО овардашуда, 147 миллион даромади аздастрафта ва 14,56 миллион доллар хароҷоти судӣ дохил мешавад.
Дар ҳамин ҳол додгоҳ иддаои ТАЛКО-ро барои рӯёнидани 400 миллион доллар аз ширкати русиягӣ рад кардааст. Масъулони ТАЛКО мегӯянд, ният доранд, аз болои ин қарори додгоҳ ба марҳилаҳои болоӣ шикоят баранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |