Нигаронии БДА аз эҳтимоли садамаҳо дар иди Қурбон
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо зикри таҷриба, ки аксари садамаҳо дар рӯзҳои ид сар мезананд, аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш намуд, ки рӯзи таҷлили Қурбон эҳтиёткор бошанд.
Тавре аз БДА ба “Озодагон” иттилоъ доданд, танҳо дар як ҳафтаи охир дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 26 садама рух дода, 8 кушта ва 28 маҷруҳ барҷой гузошт.
Маҳмадшариф Шамсов, масъули хадамоти матбуотии БДА, мегӯяд, дар маҷмуъ аз аввали соли ҷорӣ то 13-уми октябр дар Тоҷикистон 1 ҳазору 116 садамаи нақлиётӣ сабт шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо 354 нафар ҷон бохта, 1236 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
БДА таъкид мекунад, ки одатан садамаҳо дар рӯзҳои ид зиёд мешаванд ва ронандагону мусофиронро ба эҳтиёткорӣ даъват намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |