Задухӯрди тоҷикону корфармо дар Маскав ва дахолати Думаи давлатӣ
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-10/1381747004_muhochiron.jpg)
Мақомоти пулиси Маскав дар пайи ҳаводиси Брюлевои Маскав аз задухӯрди нав миёни муҳоҷирини тоҷик ва корфармоён дар анбори сабзавот хабар медиҳад, ки шоми якшанбеи 13-уми октябр дар гузаргоҳи Сигналнийи пойтахти Русия бар асари напардохтани музди меҳнат сар задааст.
Раёсати умури дохилии шаҳри Маскав, имрӯз, 14-уми октябр бо пахши як иттилоия ин задухӯрдро “шадид” унвон карда, иштирокдорони бевоситаи онро 15-20 нафар арзёбӣ кард. “Дар маҷмуъ аз рӯи ин ҳодиса 62 нафар боздошт шуда, тафтишоти қазия идома дорад.”-мегӯяд мақомоти пулис.
Дар ҳамин ҳол Саид Боев, масъули намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории “Озодагон” ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ду нафарро барои расидагӣ ба ин қазия ба ҷои ҳодиса фиристодаанд.
Ин дар ҳолест, ки баъди куштори Егор Шербаков, як шаҳрванди Русия аз ҷониби сокини Қафқоз, дирӯз дар Бирюлевои назди Маскав, сокинони бумӣ, ки аксарашонро ҷавонони миллатгаро ташкил додаанд, ба зидди муҳоҷирин хестаанд.
Саид Боев мегӯяд, дар натиҷаи ин бетартибиҳо миқдори зиёди муҳоҷирин ҷароҳатҳо бардошта, ба бемористон интиқол шудаанд: “Имрӯз дар ин минтақа рейди махсуси мақомоти пулиси Маскав шурӯъ шуд. Ба ин минтақа низ ду корманди ниҳоди мо фиристода шудааст, то дар мавриди зарурӣ барои ҳимоят аз шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмаки оҷил расонанд.”
Дар пайи бархӯрдҳо бо муҳоҷирин дар Русия вакилони мардумии ин кишвар низ ба таври оҷилан ба таҳияи қонунҳое пардохтаанд, ки алайҳи муҳоҷирин равона шудаанд.
Владимир Василев, роҳбари қаноти ҳизби ҳокими “Единая Россия”, ба хабаргузориҳо гуфтааст, “феълан мо ба кор шурӯъ кардем. Як идда кумитаҳои парлумон ба таҳияи қонунҳо алайҳи муҳоҷирати гайриқонунӣ равона шудааст. Мо ҳамаи ҳолатҳоро ба эътибор гирифта, баъдан як хулосаи муайян меоем”.
Алексей Журавлев, вакили дигари Думаи давлатии Русия пешниҳод намудааст, дари боғчаву макотиб ба рӯи фарзандони муҳоҷирине, ки дар Русия ғайриқонуниянду андоз насупоридаанд, баста шавад. Бино ба омори расмӣ, айни замон аз 4 то 10 % толибилмону тарбиятгирандагони муассисоти тарбиявию таълимиии Русияро фарзандони муҳоҷирин ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |