Бахшҳо

Раҳмон хост, ба ҳамаи номзадҳо имкони баробар диҳанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14-уми октябр дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, ҳангоми мулоқот бо мақомоту фаъолони Суғд ба масъалаи интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳам дахл кардааст. Вай гуфта, ки мансабдорону мардум фарҳанги волои сиёсиро риоя кунанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон ба масоили омодагӣ ба интихоботи президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулини давлатӣ ва мардуми кишварро ба иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳим даъват намудааст. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ба ҳамаи номзадҳо барои мулоқот бо мардум ва муаррифии барномаҳои пешазинтихоботиашон имкону шароити баробар бояд муҳайё гардад.

Раисиҷумҳур изҳори боварӣ намудааст, ки интихоботи навбатии президент дар фазои орому осуда, шаффофу демократӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалию талаботи қонунгузории кишвар баргузор мегардад. Ин дар ҳолест, ки интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон ба нақша гирифта шуда, то ҳол 6 номзад, аз ҷумла раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон сабти ном шудааст. Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ба далели он ки 210 ҳазор имзои муайянкардаи Кумисюни марказии интихоботро ҷамъоварӣ накардааст, аз идомаи сабқат маҳрум шуд.
Мӯҳр
Фира
Албата шафофу демократи мегузарад чунки ракиб надорад ,одамон гайри ЧО дигар намедонад ба ки овоз дихад..

"Раҳмон хост, ба ҳамаи номзадҳо имкони баробар диҳанд". Чаро аз аввал ин кора накард хама ба як хел имкон надод ё ракиб намонд барои хамин забон дарози кардаистодааст.

Одил
ДАР ТОЧИКИСТОН ДАР МУДДАТИ 22-СОЛИ РОХБАРИИ Эмомали РАХМОН ,ЯГОН МАРОТИБА ИНТИХОБОТХОИ ШАФФОФ ВА ДЕМОКРАТИ ГУЗАРОНИДА НАШУДААСТ ВА НАМЕГУЗАРАД.

rahmon behtarin prezident ast.zan-pan ba mo rohbari nakunad.

base diga mexohi chan soli digar buxuri az bekorivu az garibi xasta shudem

rahmon mexohi chan soli digar raisi mo boshi? amo mo namexom turo charo ba zur meoi?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)