АКС: “MIRROS” дар ҳузури Достиев албомашро муаррифӣ кард
Гуруҳи мусиқии “MIRROS”, шоми 13-уми октябр дар ҳузури Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав албоми нави худро муаррифӣ намуд, ки сурудҳо бо забонҳои форсӣ, пушту, ҳиндӣ, фаронсавӣ ва кореягиро дар бар мегирад.
Гурӯҳи эстрадии “MIRROS”, ки санъаткорони маъруфи шарқ, аз ҷумла ғиҷҷакнавози тоҷик Ноҳид Зайналпуру доирадаст Хайрулло Додобоев низ ба он шомиланд, давоми як соли фаъолияташ дар Маскав мухлисони зиёд пайдо кардааст.
Тавре Фарид Каюмӣ, тоҷики зодаи Афғонистон, раҳбари ин гурӯҳ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ҳадафи гуруҳ муаррифии фарҳанги пурғановати форсӣ миёни мардумони дигар аст: “Аксаран дар мусиқии аврупоӣ ё ғарбӣ нозукиҳои ҳунари шарқиро вомехӯрем, ки бе муболиға бо асолату ҷаззобияташон ороишдиҳандаи аслии ин сурудҳо ҳастанд. Гурӯҳамон ана ҳамин нозукиро муаррифӣ дорад. Дар гуруҳ асосан пайравони фарҳангу суннати форсизабононро гирд овардаем ва ҳамоиши созҳои шарқиву ғарбӣ як чизи тозаеро ба миён овардааст, ки тавонистааст ширинии оҳангу мусиқии моро ба тариқи асл барои бинандаву мухлисамон нишон диҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |