"Сафина" даъвои Ҳизби наҳзатро дар додгоҳ беасос хонд
Масъулони телевизиони “Сафина” даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи пахши барқасдонаи “барномаҳои антинаҳзатӣ”-ро рад кардаанд. Онҳо рӯзи 14 октябр дар додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, куллия барномаҳое, ки ба Ҳизби наҳзат ва ё рӯҳониён рабт дошт, бо супориши мақомоти дахлдор ва дар асоси номаҳои бешумори бинандагон пахш шудааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 19 сентябр аз болои Кумитаи радио ва телевизион, Шабакаи аввал, Ҷаҳоннамо ва Сафина ба додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурда буд. Ин ҳизб хоста буд, то се шабакаи телевизиони давлатӣ ба барномаҳои “ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ” хотима бахшанд.
Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ, мегӯяд, акнун онҳо аз додрас мехоҳанд, то масъулони “Сафина”-ро маҷбур бикунад, ки супориши мақомот ва номаҳои бинандагонашонро дар бораи пахши чунин барномаҳо ошкор намоянд. Ба қавли ӯ, дар баррасии даъвои наҳзатиҳо алайҳи Кумитаи радио ва телевизион ва се шабакаи давлатӣ то рӯзи 17 октябр танаффус эълон шудааст.
Баррасии ин қазияро Темур Ҳафизов, муовини раиси додгоҳи Исмоили Сомонӣ бар дӯш дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |