Хушҳолии тоҷикон аз қаҳрамонии Комроншоҳу Хушқадам, ду паҳлавони тоҷик
Комроншоҳи Устопириён ва Хушқадам Хусравов, ду варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба самбо, ки дар Салоники Юнон баргузор гардид, мақоми аввалро касб карданд.
Хушқадам Хусравов, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи якшанбеи 13 октябр Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва худи ӯ то вазни 57 кило бар рақибонашон пирӯз шудаанд.
Ба қавли Хусравов, ӯ бо Амирҷон Бойқулов аз Узбакистон, Абдулқодир Адуков аз Русия, Максим Мунариян аз Арманистон ва дар даври ниҳоӣ бо Алтиқбол Улуу Нурсултон аз Қирғизистон нерӯ озмуда, соҳиби ҷойи аввал гардидааст.
Ин варзишгари тоҷик мегӯяд, онҳо дар рӯзи Иди Қкурбон ба Истанбул ва аз он ҷо ба Душанбе хоҳанд омад. Хабари пирӯзии ин ду паҳлавони тоҷик дар Юнон мавриди баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Аксарият навиштаанд, дар ин шабу рӯзе, ки ҳама аз мушкилот дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунад, ин хабар хушҳолкунанда аст ва ба тоҷикон рӯҳу ғурур мебахшад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |