Зимнан, ҳисоботи вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дар мавриди татбиқи консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон шунида шуд. Ин консепсия аз 31 декабри соли 2008 амал мекунад. Қосимов гуфт барои татбиқи босамари консепсия як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла доир ба рушди парандапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, зотпарварӣ, беҳгардонии ҳолати чарогоҳҳо, моҳипарварӣ, пахтакорӣ, тухмипарварӣ, боғу токпарварӣ қабул шуда, дар ҳоли татбиқшавиянд.
Эмомалӣ Раҳмон барои беҳдошти соҳа ва таъмини рушду тараққиёти бемайлони он дар назди масъулин доир ба таъсис додани хоҷагиҳои алтернативии хусусии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва зотпарварӣ, таъмини хоҷагиҳо бо техника, барқарорсозии чоҳҳои обкашӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин тарғиби васеи парвариш, коркард ва истеъмоли ҷуворимакка дастуру ҳидоятҳо дод. Ба вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.
Дар ҷаласаи ҳукумат ҳамчунин консепсияи миллии тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар робита вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ҳисобот дод.
Райисҷумҳур ба вазорати маориф дастур дод, ки то моҳи январи соли 2012 Барномаи давлатии тарбияи насли наврасро таҳия ва пешниҳод намоянд. Вазорату идораҳои дигари масъул низ вазифадор шуданд, ки дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Президенти кишвар ба масъулин доир ба бартарафсозии норасоии омўзгорон дар мактабҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳои аҳолинишини ҳамаи минтақаҳо, зиёд намудани мактабу боғчаҳои кўдаконаи хусусӣ, бо далелҳои қотеъ фаҳмондани зарари телефонҳои мобилӣ, хусусан ба саломатии кўдакону наврасон, супоришҳои мушаххас дод.
Лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Тоҷикистон» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва ҳамчунин тарҳи як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда писандида шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони МО пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи милитсия» пешниҳод гардид.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.{jathumbnail off}
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |