Ҳушдор аз ифтитоҳи парванда дар номаи додгоҳ ба Кабирӣ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо ирсоли номае ба Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ҳушдор додааст, ки барои мавқеъгириҳояш дар мавриди дарахтбурӣ ҳарчи зудтар аз шаҳрдории Душанбе маъзаратхоҳӣ кунад. Дар ғайри сурат, алайҳи ӯ, парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард.
Ин барои бори дувум аст, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба ин мазмун ба раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳушдор медиҳад. Қаблан, ин додгоҳ аз оқои Кабирӣ хоста буд, то рӯзи 17 июни соли ҷорӣ қарори додгоҳро дар мавриди узрхоҳияш аз шаҳрдории Душанбе иҷро намояд. Вале он вақт оқои Кабирӣ эълон дошт, ки “агар мақомоти судии кишвар барои иҷро накардани ин талаботи додгоҳ ҳар ҷазои сахттареро эълон кунад, омодаам иҷро кунам, аммо узрхоҳӣ нахоҳам кард.”
Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |