Писари Зафар Нозим баъди 5 рӯзи лату кӯб даргузаштааст
Карим Нозимов, фарзанди шашуми овозхони номовари тоҷик -- Зафар Нозимов аз дунё даргузашт. Бино ба иттилои расида, Карим 27 сол дошта, ҳафтае қабл аз сӯи афроди номаълум дар назди манзили зисташ лату кӯб мешавад.
Дар пайи ин ҳамла майнаи сари ӯ осеби сахт бардошта ва то замони даргузашташ дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст. Ҷузъиёти лату кӯби Карим рӯи даст нест. Аз Карим Нозимов тифле ба ёдгор мондааст. Аз ин пеш ду фарзанди дигари Зафар Нозим дар айни ҷавонӣ ин дунёро тарк карданд, ки яке аз онҳо Соҳибқирон, оҳангсози шинохта буд.
Худи Зафар Нозимов моҳи августи соли 2010 дар синни ҳафтодсолагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Зафар Нозимов авохири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми асри гузашта рӯи саҳна омада ва дар як фурсати андак зуд маъруф шуд.
Дар акс: Зиндаёд Зафар Нозимов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |