Шоҳиён Анҷумани ҳизби Зоировро ғайриқонунӣ номид
Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) баргузории Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократро аз нигоҳи қонун нодуруст номид. Ин анҷумани сотсиал-демократҳо, ки мебоист шашуми октябри соли ҷорӣ баргузор гардад, рӯзи 12 октябр оғоз ва ҳоло идома дорад.
Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ, мегӯяд, агар ин анҷумани сотсиал-демократҳо “пешазинтихоботӣ” бошад, “бар хилофи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон аст”. Вай, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, афзуд, “ҲСДТ дар интихобот мавқеи худро рӯшан накард. Анҷуман нагузаронд, ягон номзад пешбарӣ накард ва ё қароре қабул накард, ки аз ин ё он номзад ҷонибдорӣ мекунад. Ман ҳайрон мешавам, вақте ки тамоми муҳлатҳо ба охир расидаанд, онҳо имрӯз анҷуман мегузаронанд. Ҳизби сиёсӣ, ки мақсадаш иштирок дар маракаи сиёсӣ аст, бояд фаъолона ширкат мекард. Барои иштироки ҲСДТ дар интихобот ягон монеа аз ҷониби ягон сохтори давлатӣ нашуда буд. Мутаассифона, намояндагони ҲСДТ нахостанд, номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ карда, дар ин раванд ширкат варзанд.”
Ин изҳороти оқои Шоҳиён дар ҳолест, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон узви Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ буда, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ карда буд. Худи Зоиров бо пахши як изҳорот дар охири моҳи сентябр аз тарафдорон ва аъзои ҳизбаш даъват карда буд, ки барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова кумак намоянд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз аҳзоби мухолифи кишвар аст, ки дар оғози солҳои 2000 дар замони мушовири президент будани Раҳматилло Зоиров сабтином шуда, то ҳол фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |