Бахшҳо

Дуздиҳо дар таҳоратхонаи масҷиди марказӣ "сенария" дорад?

Сиёвуш Қосимзода

Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе 4-уми октябр ҳангоми намози ҷумъа аз рух додани ҳолатҳои дуздӣ дар ин масҷид иброзӣ нигаронӣ намуда гуфт, чанде қабл ба ӯ ҷавоне аз рабуда шудани ҷузвдон ҳамроҳ бо маблағу телефони мобилиаш дар таҳоратхонаи ин масҷид шикоят бурдааст. Ӯ мегӯяд, ин ҷавон баъд аз чанд муддат ҷузвдони худро холӣ аз хиёбони наздикии масҷид ёфтааст.


Камера ягона умеди намозгузорон

Муовини сархатиби масҷиди марказӣ мегӯяд, дуздида шудани ашёи намозгузорон бори аввал нест: "Имрӯзҳо пеши мо одамон меоянд, шикоят мекунанд, ки ҷузвдон ё пойафзоли онҳоро аз масҷид дуздидаанд". Домулло Сайид Акбар бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар илова намуд, агар инсоне тамоми ибодатҳои фармудашударо иҷро карда бошад, вале болои ӯ ҳаққи инсони дигар, яъне ашёи касеро гирифта бошад, Худованд ҳаргиз ӯро нахоҳад бахшид: "Аз ин рӯ, аз ҷавонони азиз хоҳиш менамоям, аз ин гуна амалҳои зишт даст бардоранду пеш аз анҷоми ин корҳо боре қазоват кунанд, ки агар моли онҳоро дузданд, чӣ мешавад?"

Муовини сархатиб аз он ибрози таассуф менамояд, аксари одамҳое, ки дар ин масҷид ашёашонро медузданд, донишҷӯён мебошанд: "Дар ҳоле пулу ҷузвдонҳои донишҷӯёнро медузданд, ки онҳо худ толибилманд ва ниёз ба кумак доранд". Бояд гуфт, нигаронӣ аз рух додани ҳолатҳои дуздӣ дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки тамоми бинои масҷид, бахусус дар таҳоратхонаи он, ки аксаран ин гуна ҳолатҳо онҷо сар мезананд, дурбинҳои назоратӣ насб карда шудааст. Атовуллоҳи Қосим, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон низ қаблан сар задани ҳолатҳои дуздӣ дар масҷиди марказиро таъйид карда, гуфта буд, масъулини масҷид барои пайдо кардани ашёи гумшудаи намозгузорон ҷавобгар нестанд: "Мо метавонем, танҳо навори ҳолати дуздиро, ки агар воқеан ҳам рух додаву сабт шуда бошад, ба соҳиби ашё ироа кунем ва ӯ метавонад аз рӯи ин сабт ба мақомоти пулис муроҷиат карда, моли худро пайдо кунад".

Вақтҳои охир хабарҳои сар задани дуздӣ дар масҷиди марказии Душанбе мунтаззам садо медиҳад. Аз ҷумла, чанде қабл ҷавоне бо номи Абдуваҳҳоб, яке аз намозгузорони тоҷик дар суҳбат ба "Озодагон" гуфта буд, дар таҳоратхонаи масҷиди марказии Душанбе ҷузвдони ӯро ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳояш рабудаанд. Ҳамчунин чанде қабл мақомоти пулиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо иттиҳоми дуздӣ дар масҷид як хонандаи синфи 11-ро боздошт карда буданд. Ин навраси тоҷик ба гуфтаи мақомот аз пиҷаки намозгузори масҷиди ба номи "Имом Аъзам"-и Чкалов, ки ба ибодат машғул буд, 6 ҳазор доллари амрикоиро рабудааст.

Намозгузорон худ эҳтиёт кунанд

Ба гуфтаи Атовулло Қосимов сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳолатҳои дуздӣ дар масоҷид бисёр нодиранд, ки ба нудрат рух медиҳанд. Номбурда мегӯяд, аксар маврид чунин ҳолатҳо дар таҳоратхонаи масҷиди марказӣ рух медиҳанд, ки ба таҳоратхона на ҳамаи он нафароне ворид мешаванд, ки қасди намозхонӣ доранд. "Масофаи таҳоратхона аз масҷид дур асту шояд нафароне бо мақсадҳои гуногун вориди ин таҳоратхонаҳо мешванд. Бар замми ин дар таҳоратхона камераҳои назоратӣ насб шудааст, ки мо ба нафарони васоили худро гумкарда сабти наворро медиҳем ва боқӣ ин кори онҳост, ки ба куҷо муроҷиат мекунанду васоили худро пайдо мекунанд",- изҳор дошт Атовулло.

Ҳамчунин Атовулло мегӯяд, дар назди даромадгоҳи масҷид муҳофизатгар ҳаст, вале ин маънои онро надорад, ки ин муҳофизатгар васоили мардумро посбонӣ мекунад ва ин нукта дар ҷое ҳам зикр нашудааст. Масҷиди марказӣ бо системаи амниятӣ таъмин аст, аммо вазифаи онҳо аз таъмини амнияту тартиботи ҷамъият иборат мебошад.

Рӯҳонии тоҷик, Эшони Бурҳониддини Халилаллоҳ мӯътақид аст, ки дуздӣ танҳо хоси масоҷиди Тоҷикистон нест. Дар таҳоратхонаҳои масҷидҳои Арабистон ҳам навишта шудааст, ки аз васоилатон муҳофизат кунед, яъне дар ин чизҳо масъулият бар гардани худатон аст: “Дар масҷидҳои онҷо қафасҳои калон ҳаст, ки калид доранду намозгузор васоилашро дар онҷо мегузораду баъди намоз онро дубора мегираду меравад ва касе, ки намемонад масъулият ба души худаш аст. Ҳама дар як роҳ нестанд, ки иддае гӯянд масҷид асту дуздӣ намешавад. Ин корҳо аз рӯи Худонотарсиву беимонӣ сар мезанад".

Масъала сиёсист

Гуфта мешавад, ки сар задани дузӣ дар таҳоратхонаҳои масҷиди марказиро ба онҳое рабт дорад, ки аз густариши диндорӣ дар кишвар нороҳат ҳастанду ба ҳар василае мехоҳанд, то ислому диндоронро сиёҳ намоянд. Дар ин бора Сайидумар Ҳусайнӣ вакили парлумон аз ҲНИТ мегӯяд: "Барои инки дили мардумро аз ислому муслимин дур кунанд даст ба ҳар коре мезананд. Баъзеи дигарашро ба бачабозиву занакабозиву дигар корҳо тӯҳмат мекунанд, ки ҳамаи инҳо дуруғу бӯҳтонанд. Онҳо метавонанд гуруҳеро омода кунанд, ки гӯё намозхонанду бояд таҳорат намоянду дар онҷо ба амалҳои ношоиста даст зананд".

Ба гуфтаи номбурда, ин корҳо аз ҷониби ҳамон нерӯҳост. Маълум нест, ки ин нерӯҳо кистанд, вале имрӯз аз тарафи телевизиони кишвар ва дар маҷлисҳо ин чизҳо эҳсос мешавад: "Мо мешунавем, ки фоҳишаҳоро мегӯянд сатр пушида фоҳишагарӣ кунанд".

Сайидумар Ҳусайнӣ чунин мешуморад, ки манбаъи ҳамаи инҳо якест ва онҳо душманони дин ҳастанд. Номбурда бо радди омилҳои иқтисодӣ ва маънавӣ мегӯяд, ки ин масъала сиёсист. Зеро тарбияи хуб, ки бошад ин чизҳо рух намедиҳад. "Рӯзе буд, ки дар минтақаи Кулоб Ҳоҷӣ Мирзо дар масҷид мавъиза мекард ва ба мардуми Кулоб онқадар таъсир гузошт, ки дигар дуздиву роҳзанӣ ҳатто аз бозорҳои онҷо нест шуда буд. Вақте дар бозорҳои Кулоб пул гум мешуд одамон онро ёфта ба масҷид мебурданд, то соҳибашро пайдо намояд", гуфт Сайидумар Ҳусайнӣ.

Ба гуфтаи номбурда аз замоне, ки чунин инсонҳоро аз масоҷид дур карданду ба ҷояшон муллоҳои мутеъу сохтаи худро оварданд, дар ҷомеа дигар ҳама кор сурат мегирад. Ҳатто шунида шуд, ки баъзе падарҳо ба духтарони худ дастдарозӣ карданд. Роҳи ягонаи наҷот аз ин вазъият баргаштан ба исломи асил ва эҷоди шароит барои таблиғоту тарбияи динист. Чун ягона чизе, ки инсонро инсон месозад таълимоти динист, илова намуд Ҳусайнӣ.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)