Эмомалӣ Раҳмон дар Чоркуҳ низ "лентабурӣ" мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар, ки бо як сафар ба шимоли кишвар рафт, нахуст аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара дидан кард.
Сомонаи расмии президент навиштааст, ки зимни боздид аз ин ҷамоатҳо, Эмомалӣ Раҳмон як мактаб барои 720 хонанда, 2 варзишгоҳ бо толорҳои варзишӣ, як корхонаи коркарди мева ва 2 коргоҳи дӯзандагиро мавриди истифода қарор медиҳад. Ҳамзамон президенти кишвар аз чанд хоҷагии деҳқонӣ ҳам дидан карда, бо кори кишоварзони ноҳия шинос мешавад.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон иншооти зиёди дигарро дар маркази шаҳри Исфара, аз ҷумла варзишгоҳи марказии онро, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст аст, як корхонаи коркарди меваи хушк, 2 маркази хизматрасонӣ, коргоҳҳои дӯхти либос ва пойафзол ва филиали “Тоҷиксодиротбонк”-ро ифтитоҳ мекунад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара дар ҳолест, ки як моҳ қабл ӯ ба вилояти Суғд сафарӣ корӣ дошт ва аз ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Масчоҳ, Ашт ва шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов боздид анҷом дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |