Видеои баҳсбарангези “Сайди акула дар Қайроққум"
Рӯзи 11 октябр дар саҳифаи интернетии Topvideo наворе аз сайди акула дар Қайроққум пайдо шуд, ки баҳси гармеро миёни корбарони ин саҳифа ба бор овард.
Ин навори видеоӣ дар бораи сайди як акула ё наҳанг аз сӯи гуруҳе аз ҷавонон қисса мекунад. Ҷавонони мазкур, ки бо лаҳҷаи мардуми шимоли Тоҷикистон сухан меронанд, назди худ як акулаи кушташударо гузошта, аз куҷо ва чигуна қапидани онро шарҳ намедиҳанд.
Вале чун сарлавҳаи видео “боздошти як акула дар Қайроққум” номгузорӣ шудааст, корбарон атрофи он баҳс кардаанд. Аксари корбарони Topvideo гуфтаанд, ин навор на дар Қайроққум, балки дар ҷои дигар гирифта шудааст.
НАВОРИ АКУЛА
Дар ин навор, ки аслан назди соҳиле гирифта шудааст, яке аз ҷавонон ба бинандаҳо хитоб карда, пешниҳод мекунад, ки ба сӯи дарё нигаранд. Вале дигарӣ сухани ӯро рад карда, мегӯяд, инҷо дарё не, баҳр аст. Бо ишора ба ин, бархе аз корбарон мегӯянд, шояд боздошти ин наҳанг дар Қайроққум ҳақиқат дошта бошад, чун дар ин шҳар низ Баҳри тоҷик ҷой дорад.
Обанбори Қайроққум, маъруф ба Баҳри тоҷик бо ғунҷоиши беш аз 3 миллиард метри мукааб об яке аз панҷ обанборҳои бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯди Сир ё Сайҳун маҳсуб меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |