Марзи Қирғизистон бо Чин баста мешавад
Қирғизистон дар арафаи таҷлил аз рӯзи Иди Қурбон ба муддати 7 рӯз марзҳои худ бо Чинро маҳкам мекунад.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, аз 14 то 20-уми октябри соли ҷорӣ ду гузаргоҳи марзии ин кишвар бо Чин, аз ҷумла “Шоҳроҳи Торугарт ” ва “Шоҳроҳи Иркештам” баста мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба хотири таъмини амну субот дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон гирифта мешавад.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |