Раҳмон пеш аз интихобот ба Чоркӯҳи Исфара меравад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 12 октябр ба ноҳияи Исфараи вилояти Суғд меравад. Ин сафари оқои Раҳмон дар ҳолест, ки номзадии ӯ расман дар Кумисюни марказии интихобот сабтином шуда, маъракаи таблиғоташ ҳам оғоз ёфтааст.
Фаридун Ҳодибоев, масъули бахши варзиши ҳукумати вилояти Суғд, гуфт, оқои Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Исфара се варзишгоҳи бузургеро, ки дар деҳаҳои Сурх, Чоркуҳ ва маркази ин шаҳр бунёд шудаанд, ба истифода хоҳад дод. Ба иттилои манбаъ, варзишгоҳи маркази шаҳр 20 ҳазор, деҳаи Сурх 6 ҳазор ва Чоркӯҳ 5 ҳазор ҷои нишаст доштааст.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара дар ҳолест, ки як моҳ қабл ӯ ба вилояти Суғд сафарӣ корӣ дошт ва аз ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Масчоҳ, Ашт ва шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов боздид анҷом дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |