Худоҳофизии Шеърдӯст, сафири Эрон, бо Эмомалӣ Раҳмон
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, эълон кард, ки замони сафирияш ба анҷом расидааст ва ӯ базудӣ Душанберо тарк хоҳад кард. Оқои Шеърдӯст аз соли 2007 ба ин сӯ сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Душанбе буд.
Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 11 октябр Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфта ва ба ӯ барои саҳми намоёнаш дар таҳкиму густариши робитаҳои Душанбеву Теҳрон баҳои баланд дод. Дафтари матбуоти президени раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон бо Шеърдӯст “ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвар”-ро баррасӣ кардаанд. Алиасғари Шеърдӯст бо ишора ба дилбастагии худ ба Тоҷикистон ва мардум он изҳор доштааст, ки минбаъд низ барои рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар саҳмгузор хоҳад буд.
Аз ин пештар оқои Шеърдӯст бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом дод. Қаблан расонаҳо гуфта буданд, бо вуҷуди он ки аз маъмурияти ӯ шаш сол сипарӣ мешавад, вай зоиҳран қасди вогузор кардани ин мақом ба шахси дигарро надорад. Дар асл маъмурияти Алиасғари Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфта, вале ӯ муҳлати сафирияш дар Тоҷикистонро тамдид карда буд.
Оқои Шеърдӯст дар тӯли сафирияш дар Тоҷикистон баландтарин ҷоизаи адабӣ - "Рӯдакӣ"-ро барои китоби "Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон" дарёфт карда, соли 2010 ба узвияти хориҷии Академияи улуми Тоҷикистон ҳам пазируфта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |