Боздошт ва зиндонӣ шудани 9 нафар ба иттиҳоми узвият дар "Салафия"
Дар вилояти Атирауи Қазоқистон як гуруҳи 9 нафараро ба иттиҳоми узвият дар равияи мазҳабии “Салифия” равонаи зиндон карданд.
Ба иттилои расонаи қазоқии “ Tengrinews.kz”, шахсиятҳои аввали ин гуруҳ Роман Баярисови 33-сола, Рамиз Ким 30-сола, сокинони ин минтақа бар асоси моддаи “Ҷалби ноболиғон ба фаъолиятҳои ҷиноӣ” ва “Ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта” ба муҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда, молу амволашон мусодира шудааст.
А. Кадирсихов ва Т. Агоринов, ду ноболиғи шомили гуруҳи мазкур бударо додгоҳ ба муҳлати 6 сол паси панҷара кардааст. Боқии аъзои гуруҳ В. Ким, Ж. Изим, Д. Болатули, Р. Зияшев ва А. Зейнетуллаев ба муддати аз 8 то 9 сол равонаи зиндон шудаанд.
Vаврид ба ёдоварист, ки моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Атирау ба иттиҳзоми терроризм 8 нафарро маҳкум ба зиндон карда буд. ба гуфтаи додгоҳ, ин шаҳрвандони Қазоқистон бо роҳи ғайриқонунӣ маблағ ҷамъоварӣ карда, қасди сафар ба Сурияро доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |