Абдуғанӣ Мамадазимов: “Орзу дорам, мардумам озод бошад”
Имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ 50-солагии суханронии машҳури муборизи шинохтаи амрикоии зидди нажодпарастӣ -- Мартин Лютер Кингро васеъ ҷашн гирифт.
Ӯ дар суханронии худ “Ман ормон дорам!”, ки 28-уми августи соли 1963 дар назди муҷассамаи Авраам Линколн дар вақти роҳпаймоӣ барои озодӣ ва ҷойҳои нави корӣ буд, ормони худро эълон кард. Ин суханрониро Мартин Лютер Кинг ба баробарҳуқуқии нажодии сафедпӯстон ва сияҳпӯстон бахшида буд.
Хонандаи азиз метавонад ба муаллиф эътироз кунад, ки ин масъала ба Тоҷикистон, ки кулли аҳолиаш намояндаи як нажод аст, чӣ аҳамият дорад ва ё ин масъалаи мубрами рӯз нест. Лекин бояд гуфт, ин суханронии машҳури фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии амрикоӣ дар 50 соли мавҷудияти худ аз чорчӯбаи мубориза бар зидди нажодпарастӣ берун омада, ба яке аз шиорҳои ҷунбиши ҷаҳонии мубориза барои ҳуқуқи башар табдил ёфт. Ӯ дар аввал таъкид карда буд, ормони ӯ қисми ҷудонашавандаи «ормони амрикоӣ» мебошад.
Дар соли гузашта дар вақти ивазшавии роҳбарони сиёсии давлати Хитой, роҳбарони нави ин кишвари ҳамсоя оид ба «ормони хитоӣ» эълон карданд. Ба назари мо, мавҷудияти ормони ягонаи умумимиллӣ насиби танҳо давлатҳои бузург ва пешбар набуда, он метавонад барои дигар халқҳо ва кишварҳо, ки дучори мушкилоти зиёд ҳастанд, масъалаи мубрами рӯз бошад. Чунин ормон барои кишвари камбизоати мо, ки ҳокимияташ аз тарафи гуруҳи кӯчак (тавассути фалсификатсияҳои натиҷаҳои эълони иродаи халқ дар интихоботи қаблӣ) тассаруф шудаааст.
Ин тассаруф паёмади хубе надорад, ки ҳама хатарнокаш нерӯ ва кӯшишҳои умумимиллии мардуми қадими тоҷикро танг намуда, имкон намедиҳад, миллат ҳамқадами замони имрӯза бошад. Барои ҳамин, мехостам ин ҷо ормони худро барои эҳёи шӯҳрати халқи озодихоҳ ва мағрури тоҷик эълон намоям.
Ормони ман он аст, ки дар Тоҷикистони озод, чун дар давраҳои шоҳ Анӯшервони Одил, оилаҳои ноқис (нопурра) набошад. Ормони ман ин аст, ки ҳар як оилаи тоҷик, навбунёд ё кӯҳан, аз падар ва модари дӯстдошта иборат бошад. Онҳо якҷоя, такя ба якдигар, фарзандони худро тарбия намуда ба воя расонанд. Падар ва модарон бояд дар маҳалли зисти худ – дар деҳа, шаҳр ва ноҳияи худ (на дар муҳоҷирату ғуломӣ) кор карда, моҳонаи хуб гиранд, шабҳо ба хонаи худ баргарданд ва машғули тарбияву омӯзондани ҳаматарафаи фарзандон бошанд.
Ормони ман ин аст, ки ҳар як оилаи тоҷик маорифпарвар бошад ва чун дар давраҳои гузашта, дар атрофи дастархони пур аз нозу неъмат ва бо меҳмонон, баҳсҳои шоирона бо қироати ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Аттор, Хайём, Пушкин, Ҳёте, Иқбол, Лоиқ ва садҳо шоирони тоҷик ва аҷнабӣ баргузор намояд. Дар ҳар хонавода баҳсҳои орифона ва олимона дар атрофи ашъори инъикоси тасаввуфи Аттор ва ашъори пур аз ишқу муҳаббати Умар Хайём бошад.
Ормони ман ин аст, ки тоҷик ҳарчи зудтар аз психологияи (рӯҳия) ғуломона ва ҳисси нобоварӣ ба шахсият ва иродаи худ (образи Одина) халос ёфта, дар ботини худ ҳисси озодагонро (образи шоҳ Ҷамшедро) аз нав парвариш намояд. То як тоҷик тавонад бар зидди ҳамаи мушкилиҳои зиндагӣ мавқеи устувори худро дошта, ӯро бо субот ҳимоя намояд. Тоҷик ғуломи тақдири худ не, балки соҳиби он бошад. Ӯ бояд зудтар аз зону задан бархезад. Аз норозигӣ ва эътирози ҳуҷрагӣ (хонагӣ) халос ёфта, фикри худро озод баён намояд, аз ҳокимияте, ки дар хизмати ӯст, ҳаққи худро талаб кунад.
Ормони ман ин аст, ки мактаби тоҷик ба як ҷойгоҳи муқаддаси дарёфти дониш табдил ёбад. Он ба мавзеи намоиши либосҳои нав ва чизҳои қимматбаҳои фарзандони оилаҳои бодавлат табдил наёфта, баръакс ба макони мусобиқаи ҳақиқии насли наврас барои донишҳои нав ба нав ва муосир мубаддал гардад. Насли навраси мо обрӯи анъанавии тоҷиконро чун дорандаи зиё дар Осиёи Марказӣ буду насли ман аз даст дод, аз нав эҳё намояд.
Ормони ман ин аст, ки донишгоҳҳои мо аз «макони гурезаҳои артиши миллии Ватан» озод шаванд. То дигар ҷавоне боқӣ намонад, ки бо итмоми донишгоҳ иншое дар мавзӯи озод навишта наметавонад ва ин ҷавон ба қатори муҳоҷирони меҳнатӣ шомил нагардад.
Ормони ман ин аст, ки дар донишгоҳ барои устодон ва профессорони фасодзада, ки донишҳои бо зудӣ ҷамовардаро чун моли камёби худ барои харидор - шогирдон пешкаш менамоянд, дигар ҷо набошад. Донишгоҳҳои мо бояд таҷрибаи мадрасаҳои ниёгон, ки ба онҳо намояндагони минтақаҳои дур низ шомил мешуданд, аз нав эҳё намоянд. То ҳар донишҷӯе, ки баъди хатм қисми донишашро бо эхтироми хосси худ нисбат ба устоди зиёии тоҷик ба ватанаш мебурд, дубора зинда кунад.
Ормони ман ин аст, ки ҳокимияти давлатии мо чун «модари ӯгай» мардуми тоҷикро ба «худӣ» ва «бегона» аз рӯи маҳал, муносибат ба фасод, ба роҳбар тақсим накарда, хамаи мардумро чун як оилаи ягона, ки маъсулияти баробар барои бунёди Ватани босубот ва тараққикарда дошта, бояд эътироф намоянд. Натанҳо фарзандони роҳбарони олимақом чун фарзандони имтиёзнок, балки фарзандони кули шаҳру ноҳияҳо чун фарзандони дӯстдоштаи давлат қабул карда шаванд.
Ормони ман ин аст, ки тоҷикон, яке аз халқҳои бунёдкори давлат ва давлатдорӣ дар дили Шарқ буда, тавонанд дар оянда давлатдории миллии худро ҳифз намоянд. Халқи ман, ки зиёда аз 27 давлати мутамарказ бунёд шудаву онро ба муваффақият идора намуд, ки дар байни онҳо Порт, Кушониён, Сомониён, Ғӯриён ва дигарон дар таърихи ҷаҳонӣ мақоми хоса доранд, имрӯз чун «давлати ношуд» эътироф нашавад. Ормони ман ин аст, ки сохторҳои давлатдории мо набояд зери фишори фасод, маҳалгароӣ, белаёқатӣ ва ифротгароӣ шикаст ёбад. Симои вазирони бисёрзанаи имрӯза не, балки симоҳои вазирони бузурги гузашта чун - Балъамӣ, Ҷайҳонӣ, Низомулмулк ва садҳо дигарон бояд роҳбалади ҷавонони мо, ки ба хизмати давлатӣ шомил мешаванд, бошанд. Онҳо бояд хуб ва дуруст донанд, ки кадом шамъ барои хизмати давлатӣ ва кадомаш барои талаботи шахсӣ истифода шавад.
Ормони ман ин аст, ки давлати дунявии мо ба озодии виҷдони шаҳрвандони худ эҳтиром гузошта, роҳҳои пурзӯр намудани ҳусни тафоҳум ва ҳамкории шариконаро дар самти муносибати давлати дунявӣ ва ҷомеъаи исломии онро коркард ва мунтазам амалӣ намояд. Аҳолии худотарси мо баъди гирифтани номи Офаридгор эҳтироми худро нисбат ба давлати худ доим дарк карда, дар таҳкими пояҳои он саҳмгузор бошад.
Ормони ман амалинашаванда нест. Ормони ман ҳаққонӣ аст. Танҳо сафарбар намудани кӯшишҳо аз роҳбари сиёсии ҳозира то фарроши мактаби миёнаро талаб менамояд. Дар он ҳол мо метавонем ҷойгоҳи худро дар сафи миллатҳои комёб ва мағрури замони муосир ишғол менамоем, дар ғайри сурат мо боз солҳои зиёд «ҷойҳои аввал»-ро дар рӯйхатҳои ҷаҳонӣ оид ба фасод ороиш дода, оҳиста ва ногаҳон аз мусобиқаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо мемонем.
Мо ҳоло низ имконоти интихоб дорем, агар Шумо розӣ бошед, биёед, якҷоя орзу мекунем.
Абдуғанӣ МАМАДАЗИМОВ,
сиёсатшинос
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |