"Султонстоун"-и Исфара бензини “АИ 80” истеҳсол мекунад
Дар шаҳри Исфара “Султонстоун”, корхонаи коркарди нафт ба кор оғоз кардааст, ки ба гуфтаи масъулонаш дар як сол 40 ҳазор тонна сӯзишвориро ба бозор хоҳад баровард.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд мегӯяд, дар маросими ифтитоҳи ин корхона Қоҳир Расулзода, раиси вилоят, ҳам иштирок кардааст. Илҳоми Ҷамолиён, роҳбари дафтари матбуоти ҳукумат Суғд мегӯяд, корхонаи нафти “Султонстоун” дар заминаи “Нефтобаза”-и шаҳри Исфара сохта шудааст.
“Барои сохтмони корхона 6 миллион сомонӣ харҷ шудааст, ки ҳамаи он сармояи дохилист. Ҳоло 75 нафар дар се баст бо кори доимӣ таъмин шуданд”,-афзуд ӯ. Ба қавли мусоҳиби мо, корхонаи мазкур бензини навъи “АИ 80” истеҳсол мекунад, ки ин барои бори аввал дар вилояти Суғд мебошад. Ҳамчунин, корхонаи “Султонстоун” навъҳои дигари сӯзишворӣ, аз қабили солярка ва мазутро ҳам истеҳсол хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |