Ҷасади Неъматуллоҳ, муҳоҷири кушташудаи тоҷикро ба Ватан оварданд
Ҷасади Неъматуллоҳ Сулаймонов, муҳоҷири 36-солаи тоҷик, ки шоми 8-уми октябр аз сӯи афроди ношинос дар шаҳри Маскав кушта шуда буд, ба Тоҷикистон оварда шуд.
Пайвандони Сулаймонов дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфтанд, ҷасади ӯро соати 5:00-и субҳи 11-уми октябр тариқи хатсайри 628 Маскав-Душанбе ба Ватан оварданд. Ин муҳоҷири тоҷик шоми 8-уми окябри соли ҷорӣ дар назди даромадгоҳи манзили зисташ дар шаҳри Балашихаи Маскав аз тарафи як гуруҳи ношинос ба қатл расонида шудааст.
Пайвандонаш мегӯянд, ӯ баъд аз як занги телефонӣ ба берун баромада, баъд аз чанд лаҳза бо онҳо тамос мегираду аз захмӣ шуданаш хабар медиҳад. Вале аз сабаби ҷароҳати вазнин бардоштанаш ҷон ба саломат намебарад.
Неъматуллоҳ Сулаймонов, сокини деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷ буда, соли 1977 дар хонаводаи муаллим, Мулло Муҳаммадсулаймон, ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 10-и деҳаи Гармчашмаро соли 1994 хатм карда, баъд рӯ ба муҳоҷират меорад. Тӯли 18 сол мешавад, дар шаҳрҳои гуногуни Русия пайи ҷустуҷӯи нафақаи пайвандонаш ба сар мебурд.
Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон беш аз ҳазор тобути муҳоҷирони тоҷик оварда мешавад. Ахиран нашрияи “Военное обозрение”-и Русия дар матлабе навишт, ки тоҷикон набояд аз ҳазор тобути муҳоҷирони худ ҳангома барпо кунанд. Дар ҳоле ки ба қавли муаллифи матлаб, аксари муҳоҷирон бар асари, ба гуфтаи ӯ, “марги табиӣ” мемиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |