Бохти ҷавонони тоҷик ба тими Арабистони Саудӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19), дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё, имрӯз, 10-уми октябр, дар варзишгоҳи “Шаҳид Боҳунар”-и Эрон аз тими ҷавонони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.
Ин дар ҳолест, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрда буд. Ҳамин тариқ Арабистони Саудӣ бо 6 имтиёз дар ҷои якум ва Эрон, ки то ҳол як бозӣ кардааст, бо 3 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад. Лубнону Тоҷикистон бе ягон имтиёз айни ҳол дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи “D” то 12-уми октябр дар шаҳри Кирмони Эрон баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин гуруҳ рӯзи 12-уми октябр бо якачини ҷавонони Лубнон мубориза мебарад.
Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Пас аз анҷоми бозиҳои даври авали гурӯҳи “D” дастаҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ 3-имтиёзӣ ба даста оварда, мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шуданд. Тимҳои ҷавонони Лубнону Тоҷикистон имтиёз дар зинаҳои сеюму чорум қарор дорад.
Бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон (U-19)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи "D"
Даври 1-ум
8-уми октябр (сешанбе)
Эрон – Тоҷикистон – 2-0
Арабистони Саудӣ – Лубнон – 2-1
Даври 2-юм
10-уми октябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ 0:5
Лубнон - Эрон
Даври 3-юм
12-уми октябр (шанбе)
Лубнон - Тоҷикистон
Эрон - Арабистони Саудӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |