Шикоят аз болои наҳзатиҳо: "...Мабодо кӯдаконамонро нагиранд"
Наимҷон Самиев, роҳбари бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ӯ ва чан тан аз намояндаҳои ин ҳизб рӯзи чоршанбеи 9-уми октябр ба додситонии шаҳри Хуҷанд даъват шуданд.
Оқои Самиев дар суҳбаташ ба "Озодагон" гуфт, ҳадафи ин даъват шикояти Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд ба додситонӣ будааст, ки гӯиё бинои вилоятии ҳизб ғайриқаноатбахш истифода мешудааст: "Солҳои пеш ин бино мағоза буд. Аммо 10 сол мешавад, ки аз ҷониби як узви ҲНИТ харидорӣ шудааст. Бахши суғдии ҳизб онро иҷора гирифта буд. Ду сол боз барои гирифтани сертификат саргардонем, аммо кормандони Кумитаи заминсозӣ корро кашол медиҳанд",-афзуд ӯ.
Наимҷон Самиев мегӯяд, рӯзи гузашта ваколатдори бино Наимҷон Очиловро низ ба додситонӣ даъват намуда аз ӯ дар мавриди бинои бахши суғдии ҲНИТ баёнот гирифтаанд: “Чанде пеш кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Хуҷанд низ Наимҷон Очиловро ба идораашон даъват кардаанд. Ба ӯ гуфтаанд, аз истиқоматкунандаҳои биноҳои истиқоматии 17 ва 18, ки дар назди бинои ҲНИТ дар Суғд ҷой гирифтаанд, ду аризаи шикоятӣ омадааст. Дар ин аризаҳо гӯиё навишта шудааст, ки “мо рӯзона ба кор меравем ва аз кӯдаконамон хавотир ҳастем, ки мабодо сатрдору ришдорҳо кӯдаконамонро гирифта набаранд”. Гӯиё навиштаанд, ки аз фаъолияти ҳизбии мо бехабаранд”.
Ба гуфтаи раҳбарияти бахши суғдии ҲНИТ муомилаи муфаттиши додситонӣ бо онҳо бисёр хуб буд: “Фақат гуфт, ки Кумитаи заминсозӣ даъво дорад, ки шумо ҳамин биноро, ки мағоза буд, самаранок истифода набурда истодаед. Барои ҳамин таъиноти қарори раиси шаҳр дар кор аст. Мо инро мегирем иншоаллоҳ. Агар мағоза ғайрисамаранок бошад, мо онро ба ташкилоти маъмурӣ табдил медиҳем. Ба раиси шаҳр мактуб мекунем ва бояд онҳо мусоидат намоянд”.
Пештар аз ин, дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хостори тафтиши қароргоҳ ё дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд шуда буд. Ин Кумита бо ирсоли як нома аз раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Идораи заминсозӣ, меъморӣ, ҳифзи муҳити зист, ширкати Тоҷиктелеком, Идораи дин ва шабакаҳои барқу сардухтури Хуҷанд хоста буд, бо ташкили як кумисюн дафтари шаҳрӣ ва вилоятии ҲНИТ-ро аз назар гузаронда, баъдан хулосаи худро пешниҳод кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |