Бахшҳо
10 окт 2013 15:39Хабарҳои ҷаҳон

Муштзани бритониёӣ гуфт, бар ивази 100 млн доллар бо яке аз Кличкоҳо ринг мебарояд

Леннокс Люис, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар вазни вазнин дар мусоҳибае ба The Daily Mail-и Бритониё гуфтааст, замони дар Маскав будан ба ӯ барои рақобат бо яке аз бародарон Кличкоҳо 50 миллион доллар ҳақмузд пешниҳод кардаанд.

Люиси 48-сола дар рақобати Александр Поветкини рус ва Владимир Кличкои укроинӣ дар Маскав ба сифати меҳмон ҳузур дошт. Аммо ӯ нагуфтааст кӣ ба вай чунин пешниҳодро кардааст. Ба гуфтаи муштзани бритониёӣ ӯ дар посух гуфта, ки агар ин маблағ як баробар зиёд шавад, омодааст, ба ринг барояд. “Агар ҳақмузди ӯ 100 миллион доллар таъин шавад, баҳори соли 2014 қувваозмоӣ мекунад”,-навиштааст манбаъ.

Ба қавли Люис вай метавонад, дастоварди Ҷорҷ Формани амрикоиро, ки дар сини 48 унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд, такрор кунад.

Бори охир Люис моҳи июни соли 2003 ба ринг баромада буд. Он вақт ӯ дар Лос-Анҷелес Виталий Кличкоро мағлуб намуд. Соли 2004 бошад, аз хатми карерааш хабар дод.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)