Додрас хост, Мамадшо Илолов ва Меҳмон Бахтӣ ба додгоҳ оянд
Рустам Устобоев, намояндаи ҳуқуқии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, ки аз болои Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ба додгоҳи Фирдавсии Душанбе шикоят бурдаанд, аз ӯ танҳо барои се зиёии тоҷик 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарарӣ маънавӣ хост.
Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 10 октябр ҷараён гирифт, гуфт, “Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина дар бораи бозгашти Бозор Собир ба Ватан, ки дар он ҷо дар бораи зиёиён низ гап меравад, зарари маънавӣ дидаанд.”
Оқои Устобоев дар идома афзуд, аммо панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагон, мехоҳанд, хонум Тутубалина фақат аз онҳо маъзаратхоҳӣ кунад. Ин намояндаи ҳуқуқии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ дар муроифаи рӯзи панҷшанбе аз панҷоҳ саволи додрасу вакили мудофеи Олга Тутубалина ба бистои он посух дод.
Вай аз ҷумла гуфт, “норизоиятии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ аз он аст, ки Олга Тутубалина дар як матлаби худ зиёиёни тоҷикро таҳқир намудааст”. Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" ор бурда ва таъкид карда буд, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Дар поёни мурофаии рӯзи 10 октябр додрас Сурайё Ҷобирова пешниҳоди вакили мудофеи Олга Тутубалинаро дар мавриди ҳузури худи даъвогарон пазируфт ва талаб кард, ки дар мурофиаи навбатӣ Мамадшо Илолов, президенти Академияи улум, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон ва Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов ишитрок намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |