Боздошти масъули дафтари матбуоти ВКД бо 9 000 доллар “пора”
Баҳодур Саидов, нозири калони гурӯҳи матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳангоми гирифтани 9 ҳазор доллар ришват ба даст афтодааст.
Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, оқои Саидов гӯиё аз боварии шаҳрванд “Д” истифода карда, барои дохил намудани 2 ҷияни ӯ ба бахши буҷавии Академияи ВКД ин миқдор пулро талаб кардааст.
“Ҳамин тариқ, дар ҳаракати Саидов аломатҳои таркиби ҷинояти пешбининамудаи банди “б” қисми 4, моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дида мешавад”,-гуфт як манбаъ дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия.
Ба қавли манбаъ, нисбат ба Баҳодур Саидов, нозири калони гуруҳи матбуотии Вазорати умури дохилӣ, аз рӯзи 16 сентябри соли ҷорӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, айни замон тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |