Сафири тоҷик дар меҳмонии хонаводаи Муҳаммад Иқбол

Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, ба зиёрати хонаводаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ -- шоир ва муттафакири бузурги Шарқ рафтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Ҷононов рӯзи 6-уми окятбр ҳангоми боздид аз шаҳри Лоҳур бо пайвандони Муҳаммад Иқбол, ба хусус фарзанди ӯ доктор Ҷовид Иқбол, мулоқот кардааст.
Сафири тоҷик дар ин вохӯрӣ бо Ҷовид Иқбол ба ӯ як чанд китобҳои тозанашри падараш, аз ҷумла «Куллиёти форсии Иқбол», «Ҷовиднома» ва яке аз асарҳои бузурги фалсафӣ-фиқҳии вай - «Эҳёи фикри динӣ дар ислом», ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе ба нашр расида буд, туҳфа кардааст.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз зумраи шоирони раддаи аввали адабиёти охири қарни 19 ва оғози қарни 20 аст, ки бо истеъдоди фитрӣ ва эъҷози сухани хеш шеъри Аҷамро нафаси тоза бахшидааст. Ӯ забони форсии дариро дар сарзамини Ҳинду Покистон аз сари нав зинда гардонида ва ба мусалмонон ва умуман ба мардуми ситамдидаи ҷаҳон паёми озодиро расонид. Иқбол ба василаи ин корномаи бузург номи хешро дар ҷаридаи олам ҷовидон сабт намуд.
Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, охирҳои ҳафтаи гузашта дар доираи як сафари расмӣ озими шаҳри Лоҳури Покистон шуда буд. Ӯ дар ҷараёни ин сафараш аз Донишгоҳи Панҷоб боздид ва бо ректори он доктор Комрон мулоқотеро анҷом додааст. Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишварро муҳокима намудаанд. Донишгоҳи мазкур яке аз макотиби бузург дар ин кишвар буда, соли 1882 таъсис ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |