Ба Руҳонӣ ҷоизаи сулҳи Нобел дода мешавад?
Бар асоси як назарсанҷӣ Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури нави Эрон шоистатарин шахс барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел-2013 дониста шудааст.
Дар остонаи эълони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел-2013 нашрияи англисизабони “The Guardian” як назарсанҷиеро дар ин маврид баргузор кардааст. Беш аз 70 дарсади ширкаткунандагон аз миёни номзадҳои ин нашрия Ҳасан Руҳониро интихоб кардаанд.
Малола Юсуфзай, духтари навҷавони 16-солаи покистонӣ, ки моҳи окябри соли гузашта мавриди ҳамлаи неруҳои Толибон қарор гирифта буд, дар ин назарпурсӣ баъд аз раисиҷумҳури Эрон дар мақоми аввал ҷой дода шудааст.
Аксари коршиносон бар инанд, ки раисиҷумҳури нави Эрон баъд аз суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мавриди таҳсин қарор гирифтааст. Чун Рӯҳонӣ дар ин изҳороти хеш барқарории пайванди Эрон бо Ғарб бар асоси эҳтиром ва дарки дуҷонибаро хостор шуда буд.
Ҳасан Рӯҳонӣ намояндаи ислоҳталабони Эрон бо ба даст овардани аксарияти оро рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ барои чаҳор соли оянда раисиҷумҳури ин кишвар интихоб гардид. Ӯ 12-уми ноябри 1948 дар вилояти Симнони Эрон таваллуд шуда, аз 13-солагӣ вориди ҳавзаи илмии Қум шудааст. Баъдан ӯ дар донишгоҳи Теҳрон ва Бритониё дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |