Фаъоли эронӣ бо қасди сафари Амрико дар Душанбе дармондааст
Ҳуҷатулло Ягонагӣ, як шаҳрванди Эрон, ки 3 соли пеш ба нияти сафари Амрико аз Теҳрон ба Душанбе омадааст, иддао дорад, ки ба далели худсариҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Сафорати Эрон солҳост, ки бе ягон ҳуҷҷат дар Душанбе дармондааст.
Ягонагӣ, ки худро яке аз фаъолони ҳаёти сиёсии Эрон муаррифӣ мекунад, имрӯз, 9-уми октябр ба «Озодагон» муроҷиат карда, арз дошт, «соли 2010 бо Душанбе омадам ва муҳлати раводидам як моҳ буд. Баъди анҷоми муҳлати раводид, аз баски барои ман роҳ гаштан мушкил аст, барои дароз кардани муҳлати он ба Маҳмуд Мансуров, шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи хориҷиямро бо 350 доллар додам ва он кас ба ман ваъда дод, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рафта, муҳлати раводидамро дароз мекунад, аммо то имрӯз он касро дигар надидам».
Ин мусоҳибамон илова намуд, ки даҳҳо маротиба ба Вазорати корҳои дохилӣ барои пайдо кардани Мансуров ва гирифтани шиносномааш муроҷиат кардааст, аммо дар вазорат аввал аз дарёфти Мансуров ва шиноснома хабар дода, баъдан иттилоъ додаанд, ки Мансуров ба Русия рафтааст.
Ҳуҷатулло Ягонагӣ мегӯяд, барои гирифтани шиносномаи нав бояд Вазорати корҳои дохилӣ ба сафорати Эрон нома фиристад ва сафорат ба ӯ шиноснома диҳад, аммо ин кор солҳост, ки ба таъхир андохта мешавад.
Ба қавли номбурда сафорати кишвараш дар Душанбе намехоҳад мушкили ӯ дар мавриди дарёфти шиноснома ҳал шавад, зеро сафорат гумон дорад, ки ӯ ба Амрико рафта ба муқобили давлати Эрон фаъолият мекунад: «Амрико дар Эрон сафорат надорад, барои ҳамин ман ба Душанбе омадам, ки аз ин ҷо ба Амрико сафар намоям. Чун дар гузашта дар Эрон фаъоли сиёсӣ будам ва аз интихоботҳо интиқод мекардам, сафорат гумон дорад, ки боз ба интиқодҳои сиёсӣ даст хоҳам зад.»
Ин шаҳрванди Эрон қайд намуд, ки қасди ягон кори сиёсӣ надорад ва ба Амрико танҳо бо мақсади такмили тахассуси тиббияш ва дидорбинии духтараш, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунад, рафтан мехоҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |