Бахшҳо

Раиси ҲНИТ: “Ҳадафи мо аз байн бурдани ин ҳукумат нест” (Қисми 2)

Идомаи посухҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзти Исломии Тоҷикистон ба суоли корбарони "Озодагон". Азбаски саволҳо зиёданду ҷавобҳо низ комиланд, ин гуфтугӯро дар чанд қисмат пешкаши Шумо мегардонем.

ҚИСМАТИ АВВАЛ

Фира: Дар ҳизби Шумо дигар марди арзанда набуд, ки як занро пешниҳод кардед. Вай қуввати роҳбарӣ кардан надорад. Ҳеҷ вақт халқи бошарафи тоҷик тақдири худро ба дасти ин кас намесупорад...

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти гиромӣ, дар ҳизби мо ва беруни он мардҳои арзанда зиёданд ва ҳамаи ин мардҳои арзандаро зани арзанда ва модари арзандаи тоҷик ба дунё оварда тарбият кардааст. Бошарафии тоҷик ҳам дар ҳамин аст, ки нисбат ба модари тоҷик ва он ҳам бо чунин ҳайсият ва арзандагӣ беэҳтиромӣ накардааст ва нахоҳад кард. Шумо шояд дар бораи миллати тоҷики дигаре суҳбат мекунед, ки мо онро намешиносем. Зани тоҷик танҳо қудрати роҳрубиву пахтачини ва таваллуди муҳоҷирро не, балки қудрати роҳбариро ҳам дорад. Биёед, як бор ба зани тоҷик бовар кунем ва баъд хулоса барорем.

Файзибой: Чаро Раҳматулло Зойировро “кидат” кардед?

Муҳиддин Кабирӣ: Ба саволи ҳаммаъно болотар ҷавоб гуфта шуд. Узр, дӯсти гиромӣ.

Abdulloh: ASSALOMU ALAYKUM USTODI AZIZ . MAN A'ZOI HNIT NESTAM YAK FARDO OZOD HASTAM. AMMO BA SHUMO R.ZOIROV , USTOD HOJIAKBAR, BOVARI DORAM KI SA'YU KUSHISHATON MAHZ BAROI OBODII KISHVAR RAVONA SHUDAAST. MAN MEXOSTAM KI SHUMO YO ZOIROV NOMZAD INTIXOB SHAVED. AMMO VAXTO KI SHUMO ZOIROV VA HOJIAKBAR TASMIM GIRIFTED KI MUALLIMAI MUHTARAM NOMZADI ARZANDA HASTAND MAN NIZ BA IN BOVAR KARDAM. USTODI AZIZ AZ SUXANHOI DURUSHTI BA'ZE NAFARONI MOJAROJU VA IXTILOFANDOZ DILMONDA NAGARDED . MAN MEDONAM KI ONHO MEXOHAND BAYNI SHUMO VA BAYNI JANOBI ZOIROV JUDOI ANDOZAND . AMMO BOVARII KOMIL DORAM KI HEJGOH BA MAQSAD NAMERASAND.VOQEAN AGAR JANOBI ZOIROV YO SHUMO PESHBARI MESHUDED BA IN MONAND SUXANHORO ZIDDI SHUMO VA ZOIROV ISTIFODA MEKUNAND. CHI ILOJ , DAR URFIYAT MEGUYAND KI XASI KUCHA BE DUSHMAN NAMESHAVAD . AMMO INHO IMRUZ BA RUI XUD NIQOBI VATANDUSTIRO KASHIDAAND. DAR OXIR GUFTANIYAM KI DOIMO DAR BAYNI XALQ BOSHED VA AZ XALQ FOSILA NAGIRED. DAR HAQQI MO JAVONONI RAFSHANFIKR DUOI XAYR KUNED. SALOMATU KOMYOB BOSHED. BESHUBHA HIZBI XUDO GOLIB MEOYAD...

Муҳиддин Кабирӣ: Бародар Абдулло, ташаккур, барои ниятҳои нек ва иншоаллоҳ ҳеҷ мушкилие байни мо нест ва наметавонад бошад. Ба дигар фикрҳои Шумо мувофиқам ва дуогӯ бошед.

Умар: Устод Кабирӣ, шахсан ман ҳам аз ин ҳолат зиқ ҳастам, ин ҳолат аз ҷонибӣ АЛЛОҲ аст, фикр мекунам, Шумо дурандеш ҳастед, АЛЛОҲ шуморо нигаҳ дорад. Омин.

Муҳиддин Кабирӣ: Бародар Амин. Маълум, ки қалби пок ва нияти нек доред ва кӯшиш доред ҳақиқатро дарк намоед. Ин нишонаи имондорӣ ва инсофи Шумост. Мисли Шумоҳо агар танқид намоед ҳам, қабул дорам, чун холисона танқид мекунед ва барои вазъияти душвор зиқ мебошед. Худованд нигаҳбонатон бошад.

Маҳмуд: Оё хуб намешуд, ки номзади ягона Р.Зоиров бошад?! Агар ҳизби Шумо аз номзадии ӯ пуштибонӣ мекард, баъдан оппозитсия метавонист, ҳукумати имрӯзаро аз байн барад. Аммо Шумо инро нахостед, ки Ҳукумати имрӯза аз байн равад. Ҳоло ҳам сари вақт аст, ИЛТИМОС ЯК КОРИ ХУБ кунед дар ҳаққи миллати тоҷик. Номзади ягона Р.З-ро пешниҳод кунед. Агар ин корро кунед, дар ҷойи ҳайкали Сомонӣ ҳайкали Шуморо хоҳанд монд)))

Муҳиддин Кабирӣ: Бародар Маҳмуд, ҳадафи асосии мо аз байн бурдани ҳукумати имрӯза нест, ислоҳи вазъияти нигаронкунанда ва берун рафтан аз буҳрон аст. Ҳатто, ҳизби мо пешниҳод дошт, ки ислоҳотро ҳамин ҳукумат роҳандозӣ ва роҳбарӣ кунад, дигар аҳзоб кумак намоянд. Танҳо пас аз хомӯшӣ мо тасмим гирифтем, ки номзади дигареро ҷонибдорӣ намоем, зеро ишорае барои шурӯъи ислоҳот нашуд. Чун Шумо ин саволро қабл аз анҷумани ҳизби мо додаед, ҳоло дигар номзад яке ҳаст ва он ҳам Бобоназарова. Агар Шумо воқеан дунболи тағйирот ва ислоҳот мебошед, пас, биёед ба барномаи муштарак кумак намоед ва номзади ИНИТ ҳамон барномаро амалӣ хоҳад кард.

Шохрух Восихов: Ассалому алейкум муҳтарам Кабирӣ. Ман як ду суол доштам. Чаро Шумо номзадиатонро нагузоштед аз кӣ ë аз чӣ тарсидед аз сарвату дороиатон ë аз шахсияти аввали кишвар? Чаро аққалан аз номзадии Зоиров пуштибонӣ накардед, ҳол он ки номзадии як шахсияти тамоман ношиносро гузоштед. Шумо хуб медонед, ки Бобоназароваро ба ғайр аз 100, 200 нафар журналистон дигар ягон кас намешиносад. Шумо охирин умеди мардумро аз даст додед. Мо хуб фаҳмидем, ки дар Тоҷикистон оппозитсия нест. Ман дигар дар симои Шумо ва ҳизбатон оппозитсияро намебинам. Шумо, ки зиндагиатон орому осуда ва шоҳона аст. Чӣ парвои муҳоҷирону мардуми бечораро доред, ки аввалиашон ба мисли ғуломанд дар кишвари рус ва дувумин тоифаи зикр намудаам ин шояд ягон ҳамсояи Шумо низ бошад, ки бо як бурида нону чой рӯз мегузаронад. Озодагон чоп кун, ки хафа мешам.

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти гиромӣ Шохрух. Агарчӣ ба саволҳои монанд болотар ҷавоб гардондам, мехостам чанд ҷумла бароятон бигӯям. Чун, хеле самимӣ ва бо ҳарорат суҳбат кардаед. Дирӯз аз Москва баргаштам ва вазъи муҳоҷиринро хуб медонам. Шуморо ҳам дарк мекунам. Биёед гиларо дигар канор бигзорем ва ҳарчи буд гузашт. Якдигарро бипазирем ва бидонем, ки мо роҳе ҷуз ҳамкорӣ ва иттиҳод надорем. Бо ҳам ояндаи миллатро фикр кунем ва 6-уми ноябр охири дунё нест, як марҳалаи мубориза барои ояндаи беҳтари миллат мебошад. Ҳар чи ки дар бораи ман гуфтед қабул дорам, акнун нолидану гиларо бояд канор гузошт, дар фикри оянда бояд шуд. Барои самимият ташаккур!

Ҷамолиддин: Мегӯянд, як қисми саҳмияҳои ширкати IRS ба Кабирӣ тааллуқ дорад, ин дуруст аст?

Муҳиддин Кабирӣ: “Албатта, саволи Шумо киноя дорад ё воқеан чунин шубҳаро шунидаед. Вале, дар саволатон ҷавҳар ҳаст, дӯстам Ҷамолиддин. Аз рӯйи мантиқ қисме аз саҳмияҳои ин роҳ ба Шумо ҳам тааллуқ дорад ва ба ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар. Чун, роҳи сохташуда аз пули миллат мебошад ва бояд саҳмияи он ва даромадаш ба ҳамаи миллат биравад. Агар мову Шумо ҳам ҷузъи ин миллат бошем, саҳмияи он ба ҳамаамон тааллуқ дорад. Вале, ба IRS ҳеч иртиботе надорам.

Ҳақталаб: Салом муҳтарам ҷаноби Кабирӣ. Қабл аз ҳама ҷyръатy далериро дар амалӣ гардонидани ормонҳоят, ки ки фикр мекyнам бо ормонҳои миллати Тоҷик мутобиқат дорад, хоҳонам. Лyтфан ба суоли зер самимона бидyни кадом сиёсат ҷавоб диҳед. 1) Чаро номзадии хyдатро ё номзади кадом Наҳзатӣ ё Исломхоҳро ба симати президентӣ пешниҳод накардед? Чӣ Шyмо ва ҳизбро аз ин роҳ боз медошт, заъфy нотавонии ҳизбиён ё кадом сабаби дигар? 2) Чаро дар наҳзати исломӣ раҳбаронро на ба тариқи интихобӣ, балки бештар бо роҳи интисобӣ таъин мекyнанд? Лyтфан нагӯед интавр нест чyн мо медонем, ки агар дар наҳзат як нафар як маротиба раҳбари 10 нафара шyд то зинда ҳаст ва ҳар кори ношоиста ва ғайри исломӣ ҳам, ки кард раҳбар мемонад чyн авлавият дар амали неки шахс нест, балки мyтеъ фармонбардор бyдан ба раҳбарон болои наҳзат дар мадди аввал аст.

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти Ҳақталаб, ба саволи аввалатон болотар ҷавоб гуфтам, агар розӣ бошед, бо ҳамон иктифо кунем. Мо ҳеч гоҳ нагуфтаем, ки дар мо масъулиятҳои интисобӣ нест. Ҳаст ва он ҳам тибқи оиннома, ба хусус, дар бахши иҷроӣ. Аммо, роҳбарият, роҳбарони шуъбаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ интихобианд. Дар бахши таъинӣ шояд надошта бошем, ки касе тӯлонӣ, 10 сол бардавом кор карда бошад, вале дар масъулиятҳои интихобӣ чанд ҳолат дорем, ки ин аз раъйи аъзои ҳизб дар минтақаҳо вобастааст. Вале, ман тарафдори муҳлати муайян дар як масъулият мебошам ва бояд ба ҳамин самт биравем. Баъдан, ҳизби мо ҳизби малоикаҳо нест, ҳизби инсонҳост ва камбудиҳо ҳам ҳастанд. Вале, масъулини мо бояд аз дигарон фарқ дошта бошанд, вагарна наҳзати будан маънӣ надорад. Дар умум, эродҳои Шуморо қабул дорам ва барои онҳо ташаккур мегӯям.

Ванҷимарак: “Кидат” разбор надора меган, камтар шарҳ медодед, ки Зоировро чиба дастгирӣ накардед? Барои чӣ Шумо номзад ба курсии президентӣ нашудед, чунки мо аз Шумо умед доштем. Ё ки тарсидед ки тақдири Шумо ҳам ранги Зайд Саидов шуда, чанд зан дар саратон бор мекунанд?

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти ванҷиам, бо пайравӣ аз ҳамин фикри Шумо, дигар ин масъаларо “разбор” намекунем. Инсонҳои шӯхро дӯст медорам ва ҳамин хел боқӣ бимонед.

Ҷовидон: Муҳтарам Кабири! Чанде пеш яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи фейсбукии худ арз карда буд, ки мехоҳад бо Кабирӣ ба воситаи интернет сари баҳсу мунозира шавад. Оё Шумо метавонед бо ӯ сари баҳс шуда, ба саволҳои дандоншиканаш ҷавоб гӯед?

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари азиз, оё дидаед, ки боре ба ҳама танқидҳо нисбати хеш ҷавоб дода бошам ё баҳс карда бошам? Ин одатро надорам, вақт ва амал дар оянда ҷавоби бисёре аз масоилро хоҳад гуфт. Агар ба рақибонам ҷавоб нагуфтаам, чаро бо ӯ баҳс кунам, ки рақиб нест ва он ҳам интренетӣ. Мо дар як масъала рақибем, сафар кардан. Тариқи яке аз дӯстонаш гуфтам ва ҳоло такрор мекунам, шояд бихонад, ки омодаам ҳарҷои дунё бубинамаш ва ҳарфҳоямро ба худаш бигӯям. Мутмаин бошад, ки ҷояшро намефӯрушам. Агар ҷиддитар бигӯем, касоне мисли ӯ дар ҳар ҷомеа лозиманд, онҳоро ман ба соати зангдор ташбеҳ мекунам. Ҳамаамон ниёз ба чунин соат дорем, то дар ғафлат намонем, вале касе ин соатҳоро дӯст намедорад. Гоҳо мехоҳем аз тиреза берун партоем, чун асабӣ мекунад, вале боз ҳам зарурат дорем, бояд дер накунем. Соат барои президент ҳам як хел занг мезанаду барои деҳқон ҳам ва парво ҳам надорад, ки касе аз ӯ нороҳат мешавад ё не. Ман ҳам дар аввал нороҳат шудам, чун таҳқир зиёд буд, на танқид. Вале, як ҷо дуруст гуфтаст, ки " чойкашаки Нурӣ" будаам. Будам ва ин фахри ман аст. Агар мебуданд, ҳоло ҳам чой мекашидам барояшон. Иншоаллоҳ, бинамаш суҳбат мекунем бо ӯ дар ин мавзӯъ.

Собиқ аъзои ҲНИТ: Ба Шумо дигар савол надорам оқо, ҷуз ин. Иқрор мешавед, ки тарсуи рақами 1 ҳастед? Он ихлосе, ки ба Шумо ва ҳизбатон доштем, ҳамаро зери по кардед. Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: "Мусалмоне, ки ғайрат надорад, ҳеҷ хубиеро аз ӯ интизор мабош". Сад афсӯс...

Муҳиддин Кабирӣ: Муҳтарам собиқ аъзои ҳизби мо, даъвои ҷасоратро надорам, вале тарсуи рақами 1 ҳам шояд набошам. Иншоаллоҳ , ки ихлоси Шумо танҳо барои як интихоботу номзад шудани мо набуд ва агар мо камбудие кардем, ба муносибати Шумо ба ҳизб набояд таъсир расонад.

Maskva: kabiri chand sol shud hizbi shumo shia shudagishba meguyand dar vakti gurezagi va baazeho meguyand pesh az in ham shia budan iltimos haminro khub karda fahmoned mo az har kas meshunavem ki hizbi nahzat khudasha islomi meguyadu dar zohir mardum dar asl daavati shiagi burdestai maksadashon shiaro joi kardan dar tojikiston

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари гиромӣ, дар ин масъала болотар гуфтам, хоҳишмандам ба ин овозаҳо бовар накунед.

Баҳром: Салом устоди бузугвор , чун яке аз ҳаводорони ашадии ҲНИТ мебошам, мехостам суолҳоямро пурра ҷавоб гирам ва ин ҳам ҳаққи ман аст. 1) Устоди азиз, Шумо худ медонед, ки Исломи азиз миллати мусалмон дар тӯли торих бо фидокориҳои олимону мутафаккирони амсоли Шумо соҳиби иззат гардид, сабаб дар чист, ки имрӯзҳо дигар ин фидокориҳо дар аъмоли эшон дида намешавад? 2) Устоди гиромӣ ба ростӣ аз пурсидани ин суол банда низ чандон нороҳатам ва на он қадар бовар дорам, имрӯзҳо ҳама мегӯянд, ки Кабирӣ аз байн рафтани бизнесаш тарсид, Шумо чӣ бизнес доред? 3) Зоиров дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфт, ки фишори баъзе аз аъзои ҲНИТ сабаб гашт, то номзадиаамро боз пас гирам. Кӣ ва чаро ба эшон ҳақ дода буд, болои Зоиров фишор оранд?

Муҳиддин Кабирӣ: 1. Дӯсти гиромӣ, Шумо хуб медонед, ки Худованд худаш ваъдаи ҳифзи ин динро додааст ва иззати муъминон ҳам дасти ӯст. Мо, мусалмонҳо масъулияти худро бояд анҷом диҳем, оне, ки қадри имкон имрӯз мекунем. Бояд бигӯям, ки уламои мо заҳматҳои зиёде кашидаанд, ки то андешаи исломӣ дар кишварамон зинда бимонад. Агар имрӯз баъзеҳо фаъъол нестанд, шояд сабабе дошта бошад. Дуо кунем, ки Худованд ҳидояташон кунад ва рисолати як олими исломиро фаромӯш накунанд.

2. Пӯшида нест, ки қабл аз ворид шудан ба сиёсати фаъъол машғулияти соҳибкорӣ доштам ва ҳоло, ки қонун машғулият ба соҳибкориро барои мо иҷозат намедиҳад, фаъолияти тиҷоратӣ надорам. Ҳақи доштани моликиятро ҳама шаҳрвандон доранд , аз ҷумла мо ҳам ва инро ҳеҷгоҳ пинҳон нахоҳем кард ва зарурат ҳам надорад. Ризқро худованд медиҳад, агар тамоми кушишамро барои ҳифзи моликият кунам ҳам фоида надорад, агар насиб накарда бошад. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки фишор болои соҳибкории аъзои хонавода ва наздикони ман тоза, баъди пешниҳоди номзадии Ойниҳол шурӯъ гашт ва дастам санадҳои имзошуда аз тарафи мақомоти махсус вуҷуд дорад, ки ба мақомоти андоз супориш додаанд, то корхонаҳои марбут ба наздикони моро санҷиши " махсус" гузаронад. Санад аз тарафи мақомоти баландпоя имзо шудааст ва ин худаш ҷавоб ба шубҳаҳои дӯстон аст, ки гӯиё гуфтушуниде байни мо ва ҳукумат ҷо дошт ё хостем тиҷоратамонро ҳифз намоем. Агар машварате вуҷуд медошт, ин супориш ба мақомоти андоз ва дигар сохторҳои тафтишоти дода намешуд ва он ҳам рӯзҳои охир.

3. Чӣ гуна аъзои як ҳизб ба раиси ҳизби дигар фишор меовардааст? Мантиқ вуҷуд надорад инҷо ва агар воқеан чунин шуда бошад, раиси ҳизб будан дигар маъно надорад. Инчо сӯитафоҳум рух додааст, ки ҷои дигар гуфтам.

Дилшод: Салом алайкум. Росташро муҳтарам Кабирӣ гӯед, ки оё сабаби номзадиатонро намондан аз даст рафтани сарвататон, қарор гирифтан дар кунҷи зиндон ва эҳтимоли қарор гирифтан ба дигар оқибатҳои сангин набуд? Вале фаромӯш накунед, ки мардони бузургро ҳамеша чунин имтиҳонҳою муҷозот ва зулми дар ҳаққашон шуда бузургашон кардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ: Росташро мегӯям дӯсти азиз, ин омилҳо дар кишвари мо вуҷуд доранд мутаассифона, вале сабабҳо чизи дигар буданд, ки болотар гуфтам. Вазъи ҷаҳонӣ, минтақаӣ, манфиатҳои милливу динӣ боиси ин тасмим гашт, на чизи дигар. Барои маълумоти Шумо, маҳз баъд аз эълони номзадии Бобоназарова санҷиши тамоми корхонаҳои марбут ба хешу табор ва наздикони мо шурӯъ гашт ва имрӯзҳо идома дорад. Ҳоло имтиҳонҳои мо дар пеш аст, бовар дорам, ки дар паҳлуйи мо рӯзҳои душвор хоҳед буд. Аз даст додани молу сарват, зиндон ҳам имтиҳон аст, вале имтиҳони асли не. Барори кор дӯстам.

Умед: 1) Шумо тарсидед аз ҳукумат, ки боз ранги Зайд накунанд ё аз бизнесои худатон тарсидед? 2) Ойниҳолро барои грант гирифтан аз хориҷахо пешниҳод кардед? 3) Шумо барои чи ақалан Зарафо Раҳмониро пешниҳод накардед? Дилу гурдае, ки Зарафо дошт ҳеҷ кас надошт. 4) Баъд аз ин коратон Шумо ба рӯи мардум читавр менигаред?

Муҳиддин Кабирӣ: 1. Дӯстам Умед, алакай ба ин савол ҷавоб гуфтам, узр.

2. Бояд бидонед, ки то ҳол аз хориҷа Грант нагирифтаам ва фикр намекунам касе барои хонум Ойниҳол грант бидиҳад.

3. Ташаккур барои фикри хубатон нисбати хоҳар Зарафо, даври он кас ҳам мешавад.

4. Муҳим ки назди Худованд ва имони хеш рост бошам, ки иншоаллоҳ ҳастам. Мардуме, ки ман мешиносам, ин тасмимро хуб пазируфтаанд ва бо гузашти вақт тарафдорони он бештар шуда истодаанд. Ҳатто, касоне, ки дар аввал моҳияти масъаларо дуруст дарк накарда бо эҳсосот мухолиф карданд , имрӯз мавқеъашон иваз шуд. Масъулияти як роҳбар ин аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос битавонад тасмими лозимиро бигирад, агарчи душвор ҳам бошад. Ҳатто, агар аксари тарафдорон рози набошанд ҳам. Ва битавонад фишору интиқодҳоро таҳаммул кунад. Ёдатон ҳаст, мардум як бор пешвоёни майдоннишинро қаҳрамон эълон кард ва баъдан худи ҳамон мардум домангири он шахсиятҳо шуд, ки моро муҳоҷир кардед ва хонаамонро сухтед. Инҷо мардум айбе надорад, роҳбарон бояд амиктар ва васеътар андеша дошта бошанд ва тасмимхоро дуруст бигиранд.

Ҳуқуқшинос: Ин ҷо шояд розе нуҳуфта бошад, зеро Бобоназарова дар Фонди Сорос чанде қабл роҳбарӣ мекарду имрӯз созмони як кадом ҳуқуқиро ба ӯҳда дорад, М. Кабирӣ ва Р.Зоиров шояд нигарони он бошанд, ки пас аз интихоботи ба ном "шаффоф" Э. Раҳмонро ба суди байналмиллалӣ дода манфиатро ба ҷониби Бобоназарова кунанд. Шояд. Огоҳ бошед, ки фонди СОРОС яҳудиёнанд, шояд Ойниҳол ба инқилоби баҳори тоҷик замина гузорад! Аммо аз М. Кабирӣ пурсиданиям, мақсади худро кушоду озод ва ошкоро баён созед, ҳадаф аз пешбарии номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар чӣ аст?

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти азиз, биёед аз душман ва хоин тарошидани фарзандони арзандаи миллатамон худдори кунем. Якеро намояндаи Сорос, дигареро Узбекистон саввумиро амроикову Русия бидонем, дар ин миллат ки мемонад? На Зойиров , на Ойниҳол ва на каси дигар агенти кадом кишваре, созмоне нестанд ва таърхи иниқлоби рангаро ҳам надоранд. Мақсаду ҳадафи пешниҳодро болотар гуфтем. Миннатдор.

Б. Султониён: Салому дуруд устод Муҳиддин Кабирӣ! Дар ҳақиқат дурандеш ҳастед дар баробари ин тарсу ҳастед инро бояд қабул кунед ин ҳислат ба Шумо зебанда нест! 1) Агар анҷуман Шуморо номзад пешбари кунад қабул хоҳед кард? 2) Зойиров мегӯяд, пешниҳоди номзадии Бобоназарова аз сӯи ИНИТ ин ҳадя ба ҲХДТ аст, Шумо чӣ мегӯед?

Муҳиддин Кабирӣ: 1. Дӯстам Султониен, ҳоло, ки анҷуман номзадии Маро пешниҳод накард, ин масъала аз байн рафт. Вале, хуб мебуд, ки якеро мепазируфтед, дурандешиамро ё тарсу буданро?

2. Дар аввал бисёриҳо чунин фикр карданд, ҳоло мебинанд, ки чи хел "ҳадя" будааст. Мо тавофуқ карда будем, ки ҳамаамон шахси боътимоди номзади ягона мешавам ва уро таблиғ мекунем. Мутаассифона, таблиғро аз ҳамин шурӯъ кардем, ки ӯро "ҳадя" номидем, ки баъдан ислох шуд, хушбахтона. Вале, худи ҳамин изҳоротҳо воқеан ҳадя буд барои рақибони номзади ягона.

Ҳурмат: Агар Шумо президент шавед, иҷозат медиҳед, ки фарзандони Шумо ба вазорату идораҳои давлатӣ ва мисли фарзандони президенти кунунӣ фишор биёранд ва ё ба кори роҳбарони вазорату идораҳо дахолат кунанд? Чунки дар ҳама кишварҳое ки инқилоб сар зад, асосан дардаш ин буд ки оила ба кори давлатдорӣ дахолат кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ: Ба фикри шумо розӣ ҳастам, вале номзад ки нестам, ин мавзӯъ ҳоло рӯзмарра нест. Аммо, аз лиҳози ахлоқи хуб нест, вақте дар мақомоти давлати манабдоре хешу табори наздики худро таъйин мекунад. Мақоми интихоби бошад, чандон мушкил надорад, зеро ҳар инсон ҳак дорад интихоб кунад ё интихоб бишавад.

Умар аз Исфара: Оқои Кабирӣ! Якум суоли ман ин, ки барои чи шумо номзадии худро нагузоштед!? Саволи 2-юм боз бо воситаи фишангҳои худ нагузоштед АРЗАНДАТАРИН номзад ба президентӣ Зойировро номзади ягона қабул кунанд? Барои чи Шумо дилу гурдае надоред,ба мисли ЗОИРОВ, ки ақалан ЯК бор президент ва оилаи ӮРО танқид кунед? Охир ҳолати иқтисодиву иҷтимоии мо ГИРЯОВАР аст ва ҳамагон медонанд, ки гунаҳкори асосӣ ин Роҳбари ҷумҳури ва тарзи давлатронии ӯст! Наход барои 2 курсии парлумон шумо азоёни ҳизби худро кидат кунед!? Охир бисёрии азоёни ҲНИТ ин шахсоне ҳастанд, ки тарафдори худи шумо нестанд! Ин шахсоне ҳастанд, ки аз ислом тарафдори мекунанду, зидди ин ҳукуматанд! Барои шумо ин қадар дар сиёсат тарсу ҳастед!? Метарсед, ки бизнеси шумо аз даст меравад:? Аз рафтору кирдор ва гуфтори шумо ман чунин хулоса буровардам, ки барои шумо шароити ҳозираи миллату давлат таби дил аст! Зеро гуфти атовулло мисли турист дар тамоми дунё сайр карда гаштаед. Барои ҳукумати ҶТ бошад шумо "намунаи"исботи демократия,то дар назди ғарб худро демократ нишон диҳанду қарза зер карда гиранд.Ба рости гуфтаниҳои зиёд дорам. Хулоса ҳамин, ки агар хуб мешуд аз раисии ҲНИТ мерафтед, зеро шумо ҳатто аъзоёни одди ҳизби худро аз рафтори ғайриконуниит мақомот муҳофизат карда наметавонед. Як чизро боз бояд қайд кунам, ки Шумо ҳатто аз тақдири Зайд барои тарафдории у сухани бисёре нагуфтед

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти азизам Умар, Шуморо дарк мекунам ва узр мепурсам, ки на ҳама хостаҳои шуморо амали карда наметавонам. Вале, дар умум шумо инсони дилсӯз менамоед ва гуфтаниҳои зиёде доред. Вазъи мавҷуда шуморо маҷбур кардааст, ки бо эҳсосот суҳбат кунед ва ҳақ ҳам доред. Пештар ҳам гуфта будам, ки омодаам ҳама эродҳоро дар ин бора қабул кунам, ҳатто, иттихоботеро ки ғайри мунсифона ва ноодилона ба мо нисбат доданд. Бояд як кас масъулиятро ба душ мегирифт ва як касро гунаҳкор мекарданд. Иншоаллоҳ, вақт бисёр масоилро равшан мекунад. Барои бисёр камбудиҳоямон моро бубахшед, ки аз ин бештар наметавонам бошам.

Умед: Салом, ростӣ мехостам номзад Зоиров ё худи Кабирӣ мешуд, вале акнун бояд, ки онҳо кушиш кунанд то номзади инитро ба мардум муарифи кунанд. Савол барои чи маҳз Ойниҳол Бобоназарова интихоб шуд. 2- ҳадафи ҳнит дар интихобот чи аст. 3-дар бораи номзадии Э. Раҳмон чи андеша доред ҳамчун мухолиф.раҳмат.!

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯстам Умед, ба саволи аввали шумо болотар ҷавоб гуфта шуд. Ҳадафи ҲНИТ аз ширкат дар интихобот амалӣ кардани ислоҳотест, ки дар консепсияи ИНИТ омадааст. Яъне пирӯзии номзади мо ва амали кардани ислоҳот. Агар номзади мо натавонист пирӯз шавад, бояд талош намоем, ки андешаҳои мо байни мардум таблиғ шаванд ва аксари мардум онро бипазиранд. Пирӯзии андеша ва дидгоҳҳоямон камтар аз пирӯзии номзадамон нест. Дар ҳар сурат, пирӯзӣ ҳаст, ё номзад ё андеша. Ин соатҳое, ки мо суҳбат дорем, эълон шуд, ҷаноби Раҳмон расман номзад пешниҳод шуданд. Ҷанбаи ҳуқуқии масъаларо канор мегузорем, дар ин бора байни ҳуқушиносон баҳс вуҷуд дорад. Баҳои сиёсии мо ин аст, ки рақобат асосан байни номзади мо ва ҷаноби Раҳмон хоҳад буд. Ташаккур.

Баҳодур:
Салом устод Муҳиддини Кабирӣ. Аввалан аз Аллоҳи пок бароят сабр дар муқобили ин ҳама сарусадоҳо хоҳонам. Ва инчунин дуъогу ҳастам забонатро дар посух гуфтан ба ҳама ин суолҳо бурро бигардонад ва тавонед ҷавобҳои каноатбахш бигардонед. Сониян як суоле ва ё як иштибоҳе дар зеҳнам пайдо шуд ки посухашро аз ҷониби шумо хоҳонам. Оё ба андешаи шумо пуштибонии як ҳизби исломи амсоли ҲНИТ ва пуштибонии як шахсияти исломию мазҳаби амсоли устод Ҳоҷи Акбар Турачонзода, аз як зани ба истилоҳ бе сатру беҳиҷоб( зеро ҳиҷоб аз воҷиботи дин аст, ҳар ки муқобили ҳиҷоб бошад аз зумраи мусалмонон маҳсуб намешавад) , сарусадоҳоро дар миёни тарафдорони ҲНИТ ва Тураҷонзода ба миён намеорад? Оё ин хиёнат ба ислом нест? Чаро номзадии Устод Иброҳими Усмонро пешниҳод накардед? Шахсан гумон намекунед беҳтар пешниҳоди номзади Иброҳими Усмон мебуд. Зеро бартарии Устод Иброҳим Усмон аз ин хонум дида бештар буд.Қаблан ташаккур мегӯям. Умедворам саволамро бе посух намегардонед.

Муҳиддин Кабирӣ: Ташаккур бародари гиромӣ, воқеан, масъалаи печида ва душвор аст, пешниҳоди зан дар як Ҷомеъае мисли мо. Чанд рӯз пеш дар шаҳри Лоҳур будам дар мулоқоти роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои исломии ҷаҳон. Ин масъала барраси гашт ва бояд бигӯям ки ҳамагон мувофиқ буданд ва ҳеҷ мушкилии шаръи вуҷуд надорад. Дар ин бора алакай зиёд гуфтанду навиштанд ва ҳоҷати такрор нест. Агар мушкилии шаръи дар масъалаи пешниҳоди хонум вуҷуд медошт, якинан мо ва устод Тураҷонзода ин корро намекардем. Аммо, Устод Ибориҳим Усмон дар ҷаласаҳои баъдии ИНИТ бо сабабҳои гуногун ширкат надоштанд, агарчи аз номзадҳои эҳтимолии арзанда метавонистанд бошанд.

Раҷабалӣ: Оқои Муҳиддин Кабирӣ як бор мо тарафдоронатро ҳариф намуди ҳангоми интихоби парлумони Шумо инсони ҳалимен лекин дар вуҷуди Шумо аз азал тарс ҳаст агар ҳизб хоҳони ислоҳот бошад бояд аз Маҳмадали Ҳайит пуштибони намоянд савол чунин оё овозҳои мо дар интихоботи навбати хифз мешаванд аз тарафи ИНИТ

Муҳиддин Кабирӣ: Бародарам Раҷабалӣ, ҳамонеам, ки ҳастам. Агар Худованд тарсро аз азал дар дили ман ҷо карда бошад, фикр накунам, ки дар умри боқимонда ҷасоратам бештар шавад. Ва фахр ҳам дорам, ки дар паҳлуям бародари арзандае мисли Ҳаит ҳаст ва мо якдигарро пурра менамоем. Қудрати мо ҳам дар ҳамин аст, ки дар сатҳи роҳбарии ҳизб инсонҳои дорои сифатҳои гуногун вуҷуд доранд ва якдигарро пурра мекунанд. Агар ҷое ҳалими лозим бошад, роҳбарияти ҳизб онро дорад, агар ҷое ҷасорат, он ҳам ҳаст. Шояд дар марҳалаи гузашта касе бештар лозим буд, ки орому мунтазам кори ҳизбро пеш барад, ва анҷумни ҳизб интихобро бо ҳамин заруратҳо кард. Ман ҳам ҳис карда истодаам, ки дигар дар ҷомеъаи мо оромиву таҳаммули роҳбарони сиёси чандон ҳаридор надорад, баръакс , шароит тундиву сахтгуйиро мепарварад. Ин танҳо ба ҳизби мо не, ба ҳамаи ҷомеъа дахл дорад ва шумо мебинед, ҳарки сахттар гуфт, тарафдори бештар пайдо мекунад. Ҳизби мо ва дигар аҳзоб ҳам дар оянда интихобхояшонро вобаста ба ҳамин шароитҳо ва ниёзҳои ҷомеъа хоҳанд кард. Аммо, ҳифзи овозҳои шумо, бародари гироми, танҳо масъулияти ҳизби мо ё ИНИТ нест, балки ҳар шаҳрванд бояд овози худро ҳифз кунад. Шумо алакай огоҳ ҳастед, ки намояндагони ҳизбҳоро дар комиссияҳои интихоботи роҳ надоданд ва ин маънои онро дорад, ки шумориши овозҳо бе намояндагони ИНИТ мегузарад. Пас, мо бояд дастаҷамъона овозҳоямонро ҳифз кунем. Ёдатон ҳаст дар Ирон пас аз яке аз интихоботҳо мааъруфтарин шиори мардуми норози чи буд? "овози ман куҷост?" . Мардум худашон аз мақомот овозашонро талаб карданд, нагуфтанд, ки ин ё он ҳизб овози моро ҳифз карда натавонист. Биёед, гилаву шикоятро канор монему бо ҳам бошем, то ҳақамонро дифоъ карда тавонем. Ташаккур.

Ҳайдар:
Саломун алайкум Устоди арҷманд зимни орзуи қабулии тоот ва ибодот ва саломатӣ барои шумо ва ҳамаи наҳзатиён ва умуман ватандустон чанд суол доштам. 1) Вазъияти мултаҳиб ва ошуфтае ҳангоми интихобот эҷод хоҳад шуд, зеро маҳалли танозуи манофеи тарафайн ва фурсати баёни ақидаҳо ва барномаҳо аст, дар ин вазияти ҷомеа аз лиҳози шӯъри сиёсӣ, ҷаҳонбинӣ, ҷурат ба ширкат дар саҳнаи сиёсат, ҷурати эътироз ба мухолиф чи қадар тағир хоҳад кард? оё аслан тағир мекунад? агар тағир кунад то чи андоза ба самти манофеи ҳизби шумо ва умуман мухолифин хоҳад буд? 2) ҷавоби мантиқии шумо ба афроде ки аз шумо таваққуи эътирози оммавӣ ва тазоҳурот, шиддати бештар дар баробари ҳукумат, адами нармиш дар баробари сиёсатҳои давлат ва ..., доранд чист? хулосатан зикр кунед. 3) Шумо дар сурати бовар ба шикаст дар интихобот чӣ манофеи ҷонибии дигарро дар интихобот бо эътилоф, ҷустуҷу мекунед? 4) чӣ авомиле метавонад сабаби тафриқа дар эътилофи шумо гардад? аслан хатари тафриқаро эҳсос мекунед?

Муҳиддин Кабирӣ: 1. Бародари гиромӣ, Ҳайдар, дар саволҳои Шумо хушбахтона, эҳсосот неву, андеша ҷо дорад, бар хилофи қисме аз саволҳо. Табиист, ки ин интихобот танҳо рақобати шахсиятҳо ва ҳизбҳо нест, ҳатман рақобати ақидаҳо ва дидгоҳҳо ҳам хоҳад шуд. Ин хуб аст ва бояд мардум бояд имконияти интихоб байни дидгоҳҳоро дошта бошад, на танҳо шахсҳоро. Барои мисол, агар барои баъзе ҳизбҳо ва номзадҳо вазъи имрӯза ва тарзи идораи имрӯзаи давлат хуб ҳисоб шавад, мо бо онҳо ихтилофи Назар дорем ва мехоҳем ки дар ин самт ислоҳот ворид шавад. Салоҳиятҳои президент маҳдудтар ва ҷойгоҳи суду парлумон баландтар бардошта шавад. Болои ҳукумат аз тарафи мардум ва дигар шохаҳои ҳукумат назорати бештар бошад. Озодиҳои дини, сиёси ва фарҳангии мардум бештар бошад ва давлат дар ҳар кори майда чуйда дахолат накунад. Инҷо алакай рақобати дидгоҳҳо вуҷуд дорад. Ҳатто, дар дидгоҳҳои дини ҳам рақобат ба вуҷуд хоҳад омад. Масалан , доираҳои диние, ки нигоҳи тақлиди ва омиёна доранд, думболи диграандеши, демократия ва озодиҳои фарди чандон намегарданд. Барояшон зоҳири масъала аз ботин муҳимтар аст. Мебинед, ки ҳатто, доираҳои наздик ба дидгоҳҳои салафия ҳам дар ин масоил пуштибонии фикри ва шояд амали ҳам аз доираҳои ҳоким намоянд. Зеро, дар кишварҳое, ки ин дидгоҳҳо бештар роиҷанд ва фикри ин бародарон ҳам бештар аз онҷо об мехурад, таҷрибаи демократия, интихобот ва озодиҳои диниву сиёсиро надорад. Дар ҳоле, ки мазҳаби ҳанафи бо дидгоҳҳои муътадилу созандааш имконияти васеъеро барои расидан ба як ҷомеъаи демократии мутамаддин ва мутадаййин фароҳам сохтааст. Инҷо ҳам рақобати ду дидгоҳи дини рӯх хоҳад дод ва эҳтимол дорад, ки ҳукумат бо ҳама шиорҳои дифоъ аз ҳанафият дар паҳлуйи диораҳои дигари мазҳаби бо дидгоҳҳои тундашон қарор бигирад. Чун манфиати сиёси инро дар ҳамин марҳала такозо мекунад. Барои ҳамин, ин интихоботро барои ояндаи кишвар хеле муҳим медонам, чун воқеан муколама ва баҳси дидгоҳҳо дар дохили як ҷомеъа дар чорчуби конун сурат хоҳад гирифт. Албатта, агар мақомот имконияти чунин баҳс ва рақобати созандаву табииро бидиҳанд. Дар сурати пирузии яке аз дидгоҳҳо, муколама ва баҳс идома хоҳад ёфт ва мо билохира, якдигарро бештару беҳтар дарк хоҳем кард. Вале, агар мақомот кутоҳандеши кунанду рақобату баҳси орому созанда сурат нагирад ва фазоро мисли ҳозира нигаҳ доранд, ҷои рақобатро душмани ва ҷои баҳсро ҷанҷолу ҳархаша мегирад. Манфиати мо, аъзои ИНИТ дар ҳифзи субот ва ҳамзамон рақобати озоди андешахост ва ба ҳамин самт хоҳем рафт.

2. Бале, бисёриҳо фикр доранд, ки мо аз ҳад зиёд нармиш нишон медиҳем ва ҳатто ҷасорати эътирози оммавӣ карданро надорем. Касоне, ки одатан чунин ҳарфҳоро мезананд, худашон ҳатто ҷасорати навиштани номашонро надоранд, чи расад ба ширкат дар тазоҳурот. Бо номи мустаор ё берун аз ватан ҳарчи гуфтан осон АСТ. Аммо, умед дорем, ки кор то эътирозҳои оммавӣ намекашад, агарчи ин ҳақи конституционии шаҳрвандон мебошад ва дар сурати зарурат метавон аз он ҳам истифода кард. Агар кор ба ин ҳад бирасад, назари мо ин аст, ки бояд ин эътирозҳо комилан дар чорчуби қонун ва идорашаванда бошанд. Зеро, эҳтимоли фитна вуҷуд дорад. Масалан , метавон аз қабл тамоми хоҳишмандони ширкат дар чунин эътирозҳои оммавии қонуниро сабти ном кард ва танҳо касонеро роҳ дод, ки номи худро аз қабл навиштаанд. Касе, ки ҷасорати навиштани номашро надорад, набояд аз тарафи баргузоркунандагони тазоҳурот ба чунин чорабиниҳо роҳ дода шавад. Ин ба хотири пешгири аз фитнаҳо бояд чори шавад, на маҳдуд кардани касе. Бигузор дӯстон моро ба адами ҷасорат гунаҳкор кунанд, вале ман тарафдори эътирозҳои оммавии идоранашаванда нестам ва дар он ширкат ҳам нахоҳем кард.

3. Агар интихобот нисбатан озод гузарад ва мо ҳақи ворид намудани намояндагони худ дар комиссияҳои участкавиро пайдо намоем, шанси пирузи бад нест. Вале, дар ҳар сурат, аз эътилоф фоида бештар аст, аз он, ки танҳо биравем. Албатта, танҳо рафтан паҳлуҳои мусбати худро ҳам дошт, ақалан ин баҳсҳо ба вуҷуд намеомаданд. Пас аз фуру нишастани эҳсосот, фоидаи эътилофро дар оянда хоҳем дид, агар кораш давомнок бошад.

4. Хатар ҳамеша вуҷуд дорад, вале эътилоф алакай як имтиҳонро гузашт. Агар мо пойбанд ба ҳадафи асли бимонем, яъне меҳвар танҳо консепсияи қабулшуда бошад, он давомнок хоҳад буд. Вале, агар касе бихоҳад, ки нақши шахсияти ё гуруҳе дар дохили он бештар бошад, он ноком мешавад. Агар касе бо мақсади хосе омада бошад, масалан, барои шахси алоҳидае ё марҳалае кутоҳе, беҳтараш зудтар мавқеашро равшан кунад ва биравад. Чун, эътилоф баҳс дорад, гузашт дорад, сабр дорад ва аз ҳама муҳимаш, устувори дар аҳду паймон дорад. Инҳо бошанд, эътилоф устувор мемонад. Шояд дар ҷаласаҳои оянда пешниҳод намоем, ки ҳадаф ва интизориҳои ҳама аз ворид шудан ба эътилоф ошкор гуфта шавад, то ҳарфҳо ногуфта намонад ва нашавад ки баъдан бигӯянд мақсади мо иғра чиз буду ҳоло дигар шуд.

Шоҳи футбол Пеле: Салом Устод. Мехоҳам ба чанд суоли ман мушаххас посух гӯед! 1) Oё намешуд ба ҷои Бобоназарова Зарафо Раҳмониро пешбарӣ мекардед? 2) Оё пешбари Ойниҳол (зани берусари ) метавонад ба аҳдофи наҳзат мувофиқат кунад(ман ҳайронам)? 3) Оё вокеан дар дохили нахзат нофахмихо, мухолифатхо, ба гурўњхо таксимшавихо вуҷуд дорад (хулоса аз мусохибаи Зоиров бо Точнюс)? 4) Шумо ислохотхохед пас чаро Рохбари нахзат иваз намешавад аз 2007 то инчониб ва бовари дорам то 2020 дар ин вазифа мемонед. Пас чи тавр нафари дигарро ба ислохот даъват мекунед, чун худ ислох нестед? 5) Баъди пешбари Бобоназарова аз ҷониби наҳзат маҳз наҳзат ихлоси марду аз Кабирӣ ва ҳизби Исломи дигар шуд ва мегӯянд: ХАЙФИ КАЛИМАИ ИСЛОМ ДАР ИН ҲИЗБ КИ КУРБОНИ СИЁСАТ ВА МАНСАБ ШУДААСТ. Чи фикр доред? 6) Ҳамаи ин ҳодисаҳоро диди мардум мегӯянд (маҳз мардум ҳалқи одди ман худам шоҳид) КАБИРӣФУРУХТАШУДААСТ, КАБИРӢ АГЕНТ АСТ, КАБИРӣБИЗНЕСИ МУШТАРАК ВА МАНФИАТХОИ ШАХСИ ДОРАД АГАР НЕ ПАС ЧАРО НОМЗАДИАШРО НАМОНД? Мунтазири ҷавоби самими рост ва ҳаққони (Худованд мебинад ва мешунавад дурӯғ нагӯед). Бо умеди тавфиқ Шер!

Муҳиддин Кабирӣ: 1. Дӯсти азиз, ҳангоми баҳс дар ИНИТ дустони мо шарт гузоштанд, ки агар раиси ҲНИТ номзад шудан нахоҳад, пас номзадии дигар нафар аз ҳизби мо барраси нашавад ва инҷо лозим буд, ки гузашт кунем. Барои ҳамин номзадии дигар нафарони арзанда ҳам пешниҳод нашуд, чун агар ба каси дигар аз тарафи мо пофишори мекардем, сари мақад омадан душвор мешуд.

2. Ҳайрон нашавед дӯсти азиз, ҳамин зани ба гуфти шумо берусари аз ҳуқуқи хоҳарони русаридор чанд маротиба дифоъ кард, бештар аз худи русаридорҳо. Ҳамин кас аз риши ришдорон дифоъ кард бештар аз бисёри ришдорону салладорон, ки аз паси ришу салла нон мехӯранд. Ҳамин кас аз ҳуқуки фарзандони мо барои рафтан ба масҷид дифоъ кард, бештар аз уламое, ки вазифаи диниашон дифоъ аз ин ҳуқуқ буд. Ҳадафи Наҳзат таъмини озодиҳои мардум аст, ки хонум Ойниҳол комилан пуштибони аз озодиҳои мардум кардаанд ва хоҳанд кард, барои ҳамин мо пешниходи ИНИТ- ро пазируфтем ва расман пешниҳодаш кардем.

3. Ҳизби мо як ҳизби зинда ва пуе мебошад ва агар дар дохилаш ихтилофи назарҳо намебуд, ман нороҳат мешудам. Дар анҷуман ҳам ошкор моро танқид карданд ва қисме аз вакилон зиди ин пешниҳод раъй доданд. Ҳамин АСТ маънии озоди ва гуногунандеши дар дохили як ҳизб. Аммо, пештар ҳам гуфтам ки ин мусоҳабаро нахондаам ва намедонам манзури аслии дустам Раҳматулло чи будаст аз ин ҳарфҳо. Инҷо ҳам суханҳои уро шарҳ додани нестам, чун фарҳанги сиёсиам иҷозат намедиҳад, ки андешаҳои роҳбари як ҳизб е вазъи ҳизби дигари шарикро дар матбуот таҳлил кунам. Аз тарафи дигар, бовари дорам, ки ин ҳолатро баъзехо алайҳи Наҳзат хостанд истифода кунанд ва истифода ҳам карданд. Ҳатто, дар баъзе мақомот ин маводҳо махсус таксим гашт, ки баъзе пардаҳоро бардошт.

4. Саволи хуб додед. Танҳо раиси ҳизбе, ки аз ман камтар муҳлати роҳбари дорад, Исмонов мебошад, ки чанде пеш раиси Ҳизби думократи интихоб шуданд. Агар шумо фикр кунед, ки аз соли 2007 роҳбари кардани ҳизб хеле тулони аст, ҳақ доред ва ман дар ин масъала бо шумо ҳамфикрам. Як инсон набояд дар як мақом тулони бошад ва ҳоло давраи дуюми роҳбарии мо тамом нашудааст ва саросема нашавед дар хулосаҳоятон. Мисли шумо кудрати калони пешбини надорам, вале тахмин мекунам, ки то соли 2020 аксари раисони аҳзоб бо сабабҳои гуногун иваз мешаванд. Аз ҷумла, ман ҳам. Ойиномаи мо интихоб шудани як нафарро ҳар чор сол иҷозат медиҳад. Фарқ инчост, ки мо ойинномаи ҳизбро бо ҳадафи дароз кардани муҳлати роҳбари тағйир надодаем ва баръакс, тарафдори он ҳастам, ки дар ойиннома маҳдудият барои мухлати роҳбари чори карда шавад. Масалан, ду давра чорсоли, ҳамчуноне, ки барои президенти ҳам ҳаминро мехоҳем. Инсон ҳар чӣ қадар кордону фаъъол набошад ҳам, бештар аз даҳ сол дар як мақом кор кардан, боиси карахти ва заъиф шудани тавоноияш мегардад. Инро илм исбот кардааст.

5. Ба назари шумо эҳтиром дорам ва шумову дигар дустонро дарк мекунам. Агарчи, рози нестам ба ин андешаҳо.

6. Бародари азиз, барои он ба саволҳоятон муфассал ҷавоб додам, ки самимона пурсидед ва мебинам инсони ростгу ҳастед. Ҳарчи бароятон гуфтам самимона гуфтам, ҳам барои он, ки Худованд шоҳиду олим аст ва ҳам барои самимияту ихлосатон. Агар ихлос намебуд, ин қадар бо суз суҳбат намекардед. Бисёриҳо мехостанд, ки номзад бошам ва орзуяшонро бо мубориза ҳамроҳи ман бишкананд, ки аз ҳамаи шумо миннатдорам. Барои ҳамин ангезаву омодагии шумо таёрам, ки ин ҳама шикояту эродҳо ва ҳатто, таҳқирҳоеро мисли ХОИНУ АГЕНТ, МАНФИАТИ ШАХСИ ВА ҲИФЗИ БИЗНЕСРО таҳаммул кунам. Мардуме, ки ин ҳама орзуро мепарвариданд, ки яке аз шахсиятҳои мавриди назарашонро номзад бубинанд, ҳақ доранд, то бишуранд ва дилашонро холи намоянд. Сузиши шумо барои ватан, миллат ва дин мебошад ва мехостед, ки ин фурсати муносибро барои расиданд ба ислоҳот ҳамаамон истифода намоем. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ин охирин фурсат буд ва дигар кишвар дар ҳамон ҳолати буҳрони ва фишору таҳқири мардум боқи мемонад. Асабонияти шумо ва бисёре аз дустон ҳам барои ҳамин аст. Намехоҳам, ки эҳсосоти шумо ва дигар дустонро бештар кунам, мисле ки баъзеҳо карданд, балки бояд бишнавам ва то ҳаде, ки метавонам онҳоро поин барам. Биёед чанд вақт пас, эҳсосот ки фурӯ нишаст, як Бори дигар ин масоилро аз зовияи дигар бубинем, бовар дорам нигоҳатон дигар хоҳад шуд. Худованд мададгоратон.
Мӯҳр
донишчу
Чаро чунин сухбатхову саволу чавоби ошкоро ба Рахмон дар 22 сол акалан 1 бор нашуд? Ба чуз тарифу тавсифхои пуч.

Ахсан бародар ва устод Кабири, бо ин суханрониятон хамаро мафтун кардед. Худо Шуморо зехни закки ва илми нофеъ арзони намояд. Ман мебинам дар мукобили ин кадар ракибхо тавонистед аз худ ва аз ИНИТ ва аз тамоми мардуми мусалмони Точикистон дифоъ кардед. Офарин ба ин химмататон. Худованд барои Шумо ва амсоли Шумо ки дар дифоъ аз ИНИТ хастед, пирузихои беназирро ато фармояд.

Муаллим - Шарифов
Ба Донишчуи ба тарбия мухточ!! Чавоби якбора.
Чунки Рахмонов мисли ту ва Кабирии раиси хизбатон бекорхуча нест. Агар Кабири бо телефон гуфтугу карда бошад, Рахмонов дар 22 сол мисли худат кашолахоро хазорхо бор бо чашми сар дида, кумак расонидааст. Гапхои холи ва пеш аз чавоб "зебо"навиштанхои сомонаи Озодагон, ки сирф моли Кабири хаст, худ найрангу худро одами бофарханг вонамуд кардан аст. Картахои Кабири ва ту барин донишу аклмухточон барои мардум барвакт кушода аст. Тарики интернет паси столи интернетда бачо шуда, вохима кардан кори буздилон аст. Як бор ба вохурии мардуми одди барои баъд МОШОЛЛОХОИ мегуфтаатро мебини кучо гурехтаната намедони. Китоб хон писарам.
ЧОП -ЧОП-ЧОП

Муаллим - Шарифов,

Аввалан, худатон аз одоб фарсащо дуред.
Баъд, масалан, худи Шумо щазор сомонӣ моҳона доред, аммо
Раҳмон камаш 18 000 доллар. Ин пули мову Шумост.
Масалан, ман пурсидан мехоҳам, ки чаро ӯ аз ҳамаи президентҳои СНГ баландтар моҳона мегирад.

Бубинед, Путин ҳар шаш моҳ рӯбарӯи миллат омодаи посух ба саволҳо менишинад ва чор соат фақат ҷавоб медиҳад.

Ман суолҳои зиёди беҷавоб дорам: Соҳиби IRS кист?
Шумо посух гуфта наметавонед, зеро як тарсончаки хушомадгӯ менамоед. Пас кордор нашавед, агар мардум суол дошта бошанд.

Ба Муаллим-Шарифов
Маоша зиёд кардан, ба таъриф гузаштед-чи? Магар ин хадисро намедонед: "Шумо чунон садақа кунед, ки агар бо дасти рост карда бошед, набояд, ки дасти чапатон хабардор шавад!" Ин "чаноби оли" агар як бор садақа кунанд, дар як руз 25 соат дар шабакахои телевизиори давлати намоиш дода мешавад. Маълум, ки барои худнишондихист! Агар Шумо дар хақиқат муаллим бошед, хамин байтро тахлил мекардед: Чаъфаре дидам, ки бар чаъфар нишаст, Чаъфари мехурду аз чаъфар гузашт.

Муаллим - Шарифов,
бо салом хонандагони азиз ва муаллими нохонда
аввалан офарин ва орзуи муваффақият дарам ба устоди азиз Муҳиддин Кабирӣ, иншоаллоҳ ҳамеша пирӯзу муваффақу сарбаланд бошед.
баъдан ба муаллими нохонда шарипов гуфтани ҳастам, ки аз суханрониатон маълум мешавад, ки муаллим нести ва агар ҳам бошӣ нохонда муаллим ҳастӣ, чун як бор суханҳои Устод Кабириро хон ва посухҳояшро ва баъдан бо навистагиҳои худат муқоиса кун, дар ин байн як ҷаҳон тафовут диди мешавад.
ҳатто оддитарин иштибоҳи шумо ин дар каломи шумост, яъне истифодабарии каламоти лаҳҷавӣ. масалан: калимаи " кашолахоро", ин калима чӣ маъно дорад ва ин қобили истифода ҳаст дар макотиб ва донишгоҳҳо, ки шумо "муаллимон" истифода мебаред?
ё ин кӣ, "паси столи интернетда" ва дагару дигару дигар.........
Агар шумо муаллимон ба насли наврас ин тавр тарбият диҳед, вой бар ҳоли насли наврас, ки тақдири онҳо чӣ мешуда бошад, боз шиоре доред "Ҷавонон ояндаи миллатанд", агар устодони ҷавонон ин тавр бошад , пас ҷавонон чӣ тавр мешуда бошад, номаълум...............
Ҳозир устодон ба мегӯянд, ки мактатб макони илму маърифат ва фарҳанг мебошад ва бояд дар ин макон каламоти адабӣ истифоба шавад, на каламоти лаҳҷавӣ. Пас шумо аз муаллимони навбаромад ё анитқтараш муаллимони соли таҳсиди 2013-2014 ҳастед.
иштибоҳи дуввуми шумо ин аст. Ва мутаассифона ин иштибоҳро дар ҷомеаи мо аксаран доранд, ин аст ки оромона ҳарф намезананд ва мутаассифоан шумо ҳам ин одатро доред. Назар кунед ба гуфтаҳои устод Кабирӣ! ин қадар оромона ва бидуни асабоният ҳарф задааст, ки касро ҳавасаш меояд, агар дар ҷои устод шумо бошед чӣ кор мекунед? дар баробари он қадар ҳарфҳо бад, ки нисбати устод гуфта шудааст.,
дар охир барои устоди азиз Муҳиддин Кабирӣ орзӯи муваффақият ва барои тамоми мардуми азизам сарбаландӣ хоҳонам

Jamshed
Baroi on ki na har kas tahammul va jasorati janobi Kabiriro dorad. Aksar gumon mekunand ki kabiri jasorat nadorad ammo man gumon mekunam ki janobi Kabiri tabiati OB- ro doro ast . Dar kujo oromona harakat kardan va dar kujo tugyon kardanro medonand!

СОКИНИ ЧОРКУ
ба муалим шаРИФОВ ТУ 12 ОКТЯБРБА ДЕХАИ ЧОРКУ РАВ БИН РАХМОН ЧИХЕЛ БО МАРДУМ ВОХУРИ МЕКУНАД 3РУЗ ИН ЧОНИБ МАРДУМ АЗ ДАСТИ ХОКИМОН ДАР АЗОБАСТ КУЧАХОВУ ДЕВОРХОРО МАЧБУРМЕКУНАД КИ САФЕД КУНЕД ЛОКИН БО КАБИРИ ОЗОДОНА МО ВОХУРИКАРДАБУДЕМ

изатуллох
Офарин устод Кабири дар хакикат шумо зеби рохбари бар ин давлатро доред Худо дар ин интихобот Бобоназарова пируз гардад баъдан монанди шумо барин шахсиятхо дар индавлат чои арзандаи худро меёба

Курбоншо
Мо хам медонем хадафат аз байн бурдани хукумат нест Хадафат маълум ташкили давлати исломи на чомеи исломи натарсида гап зан.хамфикрхот дар сурия шахид шуда истодаанд онхоро сарчамъ кун голиб меои лекин хис карди ки саволдихандахо чи гуна васфад (дурандеш, боимону дусти худо ва га хоказо )доранд пас аз Чаноби Оли чи фарк дори?

Салим
Суолхои моро хурдед кани чавобашон на суол аст на чавобю хайр ин Озодагон сомонаи худи исломихо аст фаркаш чи минбари таблиги ХНИТ ва Кабири...

Самад.
Ҷавобҳои хуб! Кабирӣ фарҳанги баланди баҳс дорад ва аз ҳама хубаш он ки метавонад танқидро шунавад. Агар дар амалияи ояндаи худ ҳамаи ин камбудиҳоро ба инобад гирад, нур аъло нур мегардад. Кош роҳбари давлату мақомотҳои давлатӣ ва роҳбарони дигар ҳизбҳо ҳам чунин сӯҳбатҳо кунанд.

рустам
дар панохи худо бошед

Амирчон
манои калимаи Чаъфар чист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)