Тирпаронӣ дар хонаи Дости Бурут, яке аз афроди шинохтаи Файзобод
Яке аз ронандаҳои хонаводаи Дӯстмурод Ҳакимов, маъруф бо лақаби Дости Бурут ва яке аз афроди шинохтаи ноҳияи Файзобод гуфт, афродеро, ки шаби гузашта ба манзили онҳо ворид шудаанд, боздошт кардаанд.
Ба қавли ӯ, ғоратгарон тақрибан чор нафар буда ва бо таппончаву корд мусаллаҳ будаанд: “Онҳо бой (Дӯстмурод Ҳакимов) ва занашро “угрожат” (таҳдид) карда, бо “скоч” дасту даҳанашонро бастаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, нафаре зуд ба шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар медиҳад: “Вақте милисаҳо омаданд, як тир паронда шуд. Намедонам, кӣ паронд. Он ғоратгарон гурехтанд, лекин як нафарашонро дар хона дастгир карданд. Ман шунидам, ки ду каси дигарашро ҳам доштаанд”.
Дости Бурут падари генерал-майори адлия Меҳроҷиддин Ҳакимов, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буда, яке аз тоҷирони муваффақи кишвар дониста мешавад. Ӯ дар деҳаи Мулло Туғмаи Файзобод, тақрибан се километр дуртар аз маркзаи Файзобод зиндагӣ мекунад.
Дар акс: Дӯстмурод Ҳакимов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |