Отунбаева: Дар тазоҳуроти Иссиқкул даст надорам
Роза Отунбаева, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон овозаҳо дар мавриди он ки гӯиё ӯ дар гирдиҳамоиҳои Иссиқкул даст дорад, беасос хонд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран торнамоим “Вечерний Бишкек” бо интишори як матлаб аз бархе сиёсатмадорони шинохтаи қирғиз, бахусус Роза Отунбоева ном бурда, гуфта буд, ки онҳо тазоҳуроти Иссиқкулро ташкил кардаанд.
Отунбаева мегӯяд, ӯ дар моҳҳои апрел ва июни соли 2010 ба унвони як зан раисиҷумҳури Қирғизистон буд. Вале тавонист низому тартиботро дар ин кишвар барқарор созад: “Чаро дар ин лаҳзаҳои ҳассос мақомоти қудратии қирғиз масъуияти худро ифо намекунанд. Бахусус дар давраи баррасии қарордоди Кумтор.”
Ба гуфтаи Отунбоева, раисиҷумҳури вақти Қирғизистон бояд дар ин лаҳзаҳо аз мақомоти қудратии ин кишвар қотеона талаб кунад, то даст ба иқдомҳои зарурӣ ва лозима дар мавриди барқарории низому тартибот бизананд.
Раисиҷумҳури пешини Қирғизистон изҳор медорад, ки барои исботи бегуноҳии худ дар ҳаводиси ахири кишвараш талош нахоҳад кард, чун онро муҳим намедонад: “Ман дар ин кишвар барои расидан ба ормонҳои демократӣ хеле мубориза бурдаам, дар ҳоле, ки бо режимҳои қаблӣ ҳеч иртиботе надоштам.”
Отунбаева гуфт, аз болои касоне, ки ингуна хабару туҳматҳоро паҳн менамоянд, ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |