Расулзода ба занҳои бесарпаноҳ хона дод
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дар арафи Иди Қурбон, ба ду сокини камбизоати шимоли Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ туҳфа кардааст.
Тавре аз хадамоти матбуотии раиси Суғд ба «Озодагон» хабар доданд, Қоҳир Расулзода, имрӯз, 9-уми октябр, ба ду зани бехона манзил ҳадя намуд. Ба иттилои манбаъ хонаҳо ба сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ёрматова Наҷминиссо ва дигаре истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, ҷамоати Зарҳалон, Раҷабова Маърифат дода шудаанд.
Хадамоти матбуоти раиси Суғд мегӯяд, шароити зиндагии ин ду зан хеле вазнин будааст ва қаблан ба Расулзода аз надоштани паноҳгоҳ шикоят кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |