Марги ду зоири тоҷик дар Макка ва ҷанозаи онҳо дар Шароеъ
Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷараёни зиёрати Хонаи Худо ду ҳоҷии тоҷик, ки яке 71-солаву дигарӣ 73-сола будаанд, аз олам даргузаштаанд. Ба қалви манбаъ, яке аз ин ҳоҷиён бар асари садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст додааст.
“Ҳоҷӣ Талбак Одинаеви 73-сола, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми октябр бар асари як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Ҳоҷӣ Абдувалӣ Қулматови 71-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 7-уми октябр бо марги нобаҳангом дар шаҳри Маккаи Мукаррама вафот кард”,-афзуд манбаъ.
Ба қавли масъулони Кумитаи дин, ин ду ҳоҷӣ дар Хонаи Худо ҷаноза шуда, дар қабристони “Шароеъ” ба хок супорида шудаанд. Имсол барои зиёрати Хонаи Худо аз Тоҷикистон 6 ҳазору 300 нафар ба Маккаву Мадина рафтаанд. Ин афрод тавассути ҳавопаймоҳои ширкати Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр ба Саудӣ парвоз карда, баъд аз адои Иди Қурбон дубора тавассути ҳавопаймоҳои ин ду ширкати тоҷикӣ ба Ватан бозпас хоҳанд омад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |