Идомаи баҳси хатсайр миёни Тоҷикистону Австрия
Дар назар аст ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва Австрия хатсайри ҳавоӣ роҳандозӣ гардад.
Иброҳим Ҷобиров, як масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, имрӯз, 9-уми октябр, ба «Озодагон» иттилоъ дод, ки “ду рӯз мешавад дар вазорат бо ширкати коршиносону намояндагони ҳарду ҷониб баррасии лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия оид ба алоқаи ҳавоӣ идома дорад.”
Ҷобиров афзуд, интизор меравад, дар ин нишаст созишнома ба имзо расад ва дар пайи он ширкатҳои ватанӣ ҳуқуқи парвоз ба Австрияро пайдо мекунанд.
Мавриди зикр аст, муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Австрия 25 марти соли 1992 ба роҳ монда шудааст ва самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар-кишоварзӣ, саноати хурокворӣ, саноати сабук, тандурустӣ, энергетик ва сайёҳӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |