Як расонаи русӣ: “Аз марги 1000 муҳоҷири тоҷик ҳангома насозед”
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-10/1381238323_voennoe-obozrenie.png)
Бархе аз расонаҳои русӣ бар инанд, ки фавти беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ҳар сол дар Русия як омори “табиӣ” мебошад ва набояд аз он ҳангома ҷуст.
Торнамои русии “Военное обозрение” бо нашри як матлаб таҳти унвони “Таджикистан-Россия: базе – быть, мигрантам – тоже” гуфтааст, агар воқеан ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонро омори фавти муҳоҷиронашон ба ташвиш овардааст, пас, ба ҳамватанони худ иҷоза надиҳанд, то барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия оянд.
Дар 9 моҳ 249 тобут ба Суғд
Володин Алексей, муаллифи ин сатрҳо, ки аз он номе гирифта нашудааст, аз изҳороти охири Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар мавриди тасвиби қарордоди Маскаву Душанбе оид ба будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон иброзӣ нигаронӣ кардаааст. Муаллиф мегӯяд: “Хонум Бобоназарова! Ташвиши Шумо барои муҳоҷирони меҳнатӣ, албатта, моро тасхир кард. Аммо мардуми Русия низ барои онҳо ғамхорӣ мекунанд. Агар нахоҳанд ба муҳоҷират наоянд ва дар ватани худ кор кунанд, касе онҳоро маҷбур намекунад. Дар мавриди 1055 ҷасади муҳоҷири тоҷик, ки ҳамасола ба Тоҷикистон интиқол меёбад, гуфтаниям, ки ин як омор аст. Агар аз якуним ё ду миллиони муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия 1055 нафар дар сол фавтидааст, пас ин нисбат ба оне ки дар ватаншон - Тоҷикистон мемиранд, камтар аст. Барои чӣ дар ин маврид гап намезанед?”
Инчунин, дар матлаб омадааст, ки бархе аз нерӯҳои мухолифи тоҷик аз “саховатмандӣ”-и Русия дар мавриди он ки бар ивази ҳузури пойгоҳи низомияш дар Тоҷикистон ба Душанбе, вуруди нафти бе боҷ ва кумак ба навгардонии Қувваҳои мусаллаҳ ва масъалаи будубоши муҳоҷиронаш ваъда додааст, “ношукрӣ” менамоянд. Дар ҳоле ки Маскав қодир буд, онро ройгон ба даст орад: “Дар умум, пойгоҳи русӣ фаъолияти худро дар минтақаи Тоҷикистон бар ивази кумак ба муҳоҷирон, вуруди нафти бе боҷ ва кумак ба навгардонии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон давом медиҳад. Ин баҳои баланд аст ё паст? Вобаста ба он ки ба ин чӣ гуна менигаред... Албатта, мешуд, ки ин чизро тариқи фишор ба Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард. Чи тавре мегӯянд, “як пешниҳоде кун, ки дигар рад карда натавонад”.
Вале ба гуфтаи муаллиф, ҷониби Русия дар ин маврид гузашт карда, аз роҳи дигар кор гирифтааст: “Ҳукумати рус дар ин бора бо роҳи дигар рафт. Аммо дар Тоҷикистон баъзе қувваҳое ҳастанд, ки аз ин саховатмандӣ аз ҷониби Русия розӣ нестанд.”
Ин расонаи русӣ бо ёдовар шудан аз он ки беш аз сеяки ММД (маҷмуи маҳсулоти дохилӣ)-и Тоҷикистон аз пули муҳоҷиронаш иборат мебошад, гуфтааст: “Чунин ба назар мерасад, ки барои Душанбе он қадар муҳим нест, бо кадом роҳ (расмӣ ва ё ғайр) ин маблағҳо ба даст меоянд, муҳим он аст, ки бештар ба ватан интиқол шаванд. Агар Русия дар ин ҷода ягон монеа эҷод кунад, пеш аз ҳама барои рӯирост гапзаданам маъзарат мехоҳам, пас Тоҷикистон ҳамчун давлат дигар фаъолият нахоҳад кард, албатта, агар касе “ба қадри имкон кӯмак накунанд.”
Дар мавриди тасвиби қарордод оид ба тамдиди будубоши пойгоҳи 201-и Руися дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ба дарозо кашидани имзои ин қарордод аз сӯи парлумони Тоҷикистон то арафаи интихоботи президентӣ як чизи пешбинӣ шуда буд ва ба ҳамагон маълум буд, ки вакилони тоҷик онро тасдиқ хоҳанд кард: “Маълум буд, ки қарордоди мазкур ба эҳтимоли қавӣ дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон ба тасвиб мерасид, чун дар ин маъракаи сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, низ барои боқӣ мондан дар курсии худ вориди сабқат хоҳад шуд. Дар асл парлумони Тоҷикистон воқеан ҳам талош намуд, то баҳси тасвиби қарордоди пойгоҳи низомии Русияро то арафаи интихоботи президентӣ, ки қарор аст, 6-уми моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, кашола диҳад. Албатта, натоиҷи раъйгирии вакилони тоҷик дар мавриди тасвиби қорордод пешбинӣ шуда, буд, ки ҳудуди 97 дарсади онҳо раъйи мусбат хоҳанд дод.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |