Ба ҷуз Бобоназарова дигарон "план"-ро буд карданд
Ба ҷуз Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, муддаиёни дигари курсии президентӣ дар суҳбат бо “Озодагон” аз ҷамъоварии 210 ҳазор имзои зарурӣ барои пешбарии номзадияшон хабар доданд.
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президентӣ, имрӯз, 8-уми октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то ҳол 217 ҳазору 887 имзо ҷамъоварӣ намудаанд ва фардо, 9-уми октябр имзоҳоро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) пешниҳод хоҳанд кард.
Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва муддаии дигари президентӣ, шумораи имзоҳои ҷамъовардаро 211 ҳазору 364 адад арзёбӣ кард ва афзуд, ки аллакай имзоҳоро ба КМИР пешниҳод намудаанд.
Зиё Раҳмон, масъули Ҳизби аграрӣ мегӯяд, беш аз 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуда, дирӯз аз аввалинҳо шуда ба КМИР рӯйхати имзоҳоро ирсол намудаанд.
Саидҷафар Исмонов, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократии Тоҷикистон гуфт, беш аз 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд ва пагоҳ ба КМИР ирсол хоҳанд кард.
Абдуҳалим Ғаффоров, номзад азҲизби сотсиалистӣ, мегӯяд нақшаи ҷамъоварии имзоҳоро ба 218 ҳазор расонидааст ва то пагоҳ ҷамъоварии имзоҳо идома хоҳад дошт. Ӯ низ изҳор дошт, ки фардо рӯйхати имзоҳои ҷамъовардашударо ба КМИР месупоранд.
Тибқи иттилои расмӣ ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, бештар аз 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст ва аз ҷониби ин ҳизб низ рӯйхати имзоҳои ҷамъовардашуда ба КМИР пешниҳод гардидаанд.
Дар ин миён Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба ҷонибдории номзади худ то субҳи имрӯз, 8-уми октябр беш аз 185 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд.
Мавриди зикр аст, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр дар як ҷаласаи худ, муҳлати ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳоро 3 рӯз- то 10-уми октябр тамдид кард.
КМИР муҳлати охирини ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳоро соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр муайян намуд. Ин қарор ба гуфтаи масъулони КМИР бо дархости Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалистӣ ва коммунистии Тоҷикистон қабул шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |