Дар нӯҳ моҳ аз Русия ба Суғд беш аз 240 тобут фиристодаанд
Масъулони фурудгоҳи Хуҷанд мегӯянд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба ин минтақаи Тоҷикистон 249 тобути муҳоҷирони корӣ оварда шудааст. Ҳусейн Шукуров, раиси ситоди фурудгоҳ, ки рӯзи ҳаштуми октябр дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, аз ин теъдод 18 нафар худкушӣ кардаанд, ки 2 нафарашон зан мебошанд.
Оқои Шукуров мегӯяд, ҳарчанд сабаби фавти муҳоҷирон дар Русия кори онҳо нест, аммо ин масъала онҳоро сахт нигарон сохтааст. “Аз моҳи август ба ин сӯ ҳар як ҳолатро мо таҳлил мекунем, ки муҳоҷирони фавтида аз кадом ноҳияанд, сабаби маргашон чист. Ин иттилоъ дар компютер ҳам ҳифз мешавад. Сабабҳои марги муҳоҷирон бештар бемориву садама аст. Шумораи фавтидагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст. Соли гузашта ин рақам ба 260 нафар баробар буд”,-афзуд ӯ.
Раиси ситоди фурудгоҳи Хуҷанд гуфт, аксари муҳоҷирони фавтида аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва Ашт будаанд. Ҳамасола беш аз як миллион сокини Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |