Саҳифаи қалбакӣ ва аслии Баҳром дар Facebook кадом аст? (ВИДЕО)

Баҳром Ғафурӣ, овозхони попи тоҷик, ахиран дар саҳифаи Фейсбукаш аз пайдо шудани саҳифаҳои қалбакӣ ба номи ӯ хабар дод.
Ӯ дар саҳифаи аслии худ навишта, ки “салом, дӯстони азиз! Ин саҳифаи расмии банда мебошад. Дигар саҳифаҳое, ки бо исми Баҳром Ғафурӣ ташкил шудаанд, қаллобӣ мебошанд ва ҳеҷ иртиботе бо ман надоранд”.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери Баҳром саҳифаҳои аслии ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба “Озодагон” пешниҳод кард.
Фейсбук: https://www.facebook.com/bahrom.ghafuri
Одноклассники: https://www.odnoklassniki.ru/bahrom.ghafuri.music
Твиттер: https://twitter.com/bahromghafuri
Вконтакте: https://vk.com/id226337484
Soundcloud: https://soundcloud.com/bahromghafuri
Номбурда афзуд, дигар ҳама саҳифаҳое, ки ба номи Баҳром боз шудаанд, қалбакиянд. Ба гуфтаи вай Баҳром дар “Мой мир” умуман саҳифа надорад ва дар “агент” низ саби ном нашудааст. “Ба наздикӣ сомонаи расмии Баҳром Ғафурӣ ҳам дар шабакаи Интернет роҳандозӣ мешавад. Ҳоло ин торнамо дар ҳоли коркард аст”,-илова кард ҷаноби Зеваров.
Пайдо шудани саҳифаҳои тақаллубӣ бо номи чеҳраҳои шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари наве нест. Дар Фейсбуку Твиттер ва Одноклассники чандин саҳфаеро мешавад пайдо кард, ки бо ному насаби намояндаҳои шоу-бизнеси тоҷик боз ва аксҳояшон гузошта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |