Шикояти як зани ванҷӣ аз болои ҳамсояаш ба президент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми октябр дар доираи сафари кории серӯзааш ба Бадахшон, бо сокинони Ванҷ мулоқот карда, арзу пешниҳодҳояшонро шунид.
Дар ин бора ба “Озодагон” Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки як зани соҳибкор Ҷамила Усмонова аз болои ҳамсояаш ба президент шикоят бурд: “Усмонова шикоят кард, ки ҳамсояаш барои фаъолияти коргоҳи дузандагияш, ки панҷ ҷойи корӣ дорад, халал мерасонад ва намегузорад, ки ӯ кор кунад.”
Ба иттилои манбаъ дар пайи шикояти ин зан раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои рушди соҳибкории Усмонова дар кӯтоҳтарин муҳлат як бинои нави коргоҳи дузандагӣ барои 20 ҷойи корӣ сохта ба истифода диҳанд.
Дар ҳамин ҳол соҳибкори дигари Ванҷ, Дамдоров Калон Ширинҷонович ба раисиҷумҳур қавл додааст, ки то Наврӯзи соли 2014 барои ҷавонони ноҳия ду корхонаи калони дузандагӣ бо 500 ҷойи корӣ таъсис медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари серӯза дар Бадахшон қарор дорад, ба иттилои Шарифзода баъди мулоқот бо сокинони Ванҷ озими ноҳияи Дарвоз хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |