Агар Наргис Бандишоева зинда мебуд... (ВИДЕО)
Наргис Бандишоева, тобонтарин овозхони эстрадаи тоҷик агар зинда мебуд, имрӯз (8 октябр) ба синни 47 мерасид.
Ӯ 8-уми октябри соли 1966 дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Ҳукуматшо Бандишоев бастакори шинохта, холааш Савсан артисти мардумӣ ва тағояш Марватшо оҳангнависи маъруф буданд.
Истеъдоди Наргис ҳанӯз дар синни шашсолагӣ кашф шуда ва волидон ӯро ба мактаби мусиқии ба номи Чайковский медиҳанд. Вақте ҳафтсола буд, дар як консерти ҳукуматӣ ширкат ва таронаи «Модари ҷон, модарам»-ро иҷро кард. Соли 1989, замони донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода будан, дар озмуни мусиқӣ таронаи Олег Фезов «Лалаик» (алла)-ро иҷро карда, баландтарин имтиёзро соҳиб шуд. Баъд аз як сол дар ҷашнвораи сурудҳои эстрадии «Иссиқкӯл-89» ба унвони «Мисс Иссиқкӯл-89» мушарраф мегардад.
Дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода яке аз устодони Наргис Меҳрубон Назаров, падари Далер Назаров будааст.
Наргис Бандишоева нахустин хонандаи тоҷик аст, ки соли 1991 барандаи ҷашнвораи байналмилалии “Садои Осиё” («Азия Дауси»)-и Қазоқистон шуд. Дар ин ҷашнвора ба ҷуз ӯ Далер Назаров, Кароматулло Қурбонов, Парвиз Назаров, Олег Фезов ва Парвин Юсуфӣ ҳам ширкат доштаанд. Ӯ ҳатто аз Юлдуз Усмонова, хонандаи номовари узбак ҳам пеш гузашт.
Наргис Бандишоева 21-уми сентябри соли 1991 дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Дар мавриди марги ӯ то имрӯз сару садоҳо зиёданд. Он садамаи нақлиётӣ суолҳои зиёдеро боқӣ гузошт, ки то имрӯз на волидони Наргис ва на пайвандони ҳаводоронаш ба он посух наёфтаанд.
“Лалаик”, “Ҷони ман”, “Дар ин шаб мастам”, ”Дар бари ту”, “Маро бишнос бо чашми муҳаббат” ва ”Хуш омадӣ” аз маъруфтарин таронаҳои Наргис Бандишоеваанд. Сурудҳои ӯ то имрӯз дар қатори сершунавандаҳо қарор дошта ва хеле зиёд бозхонӣ шудаанд. Гуруҳи ҳунарии “Баракат”-и Рига низ ба сурудҳои Наргис таваҷҷуҳи зиёд дошта, як албоми таронаҳояш комилан аз сурудҳои ӯ иборат аст. Ахиран, ин гуруҳ ба Тоҷикистон омад ва дар Душанбеву Хоруғ ду консерт дода, маҷмӯаи ба ёди Наргис бандишоева бахшидаашро муаррифӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |