Имзоҷамъкунии Кабирӣ ба тарафдории Бобоназарова
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шахсан ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова пардохтааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ба мақоми президентӣ пешниҳод шудааст.
Кабирӣ ин хабарро дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид намуда, афзуд, ки имрӯз, 8-уми октябр низ дар Душанбе ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова машғул хоҳад шуд. Аз Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки то ҳол ба тарафдории номзадашон 185 ҳазору 800 имзо ҷамъ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро аз 7-уми октябр то соати 18:00-и 10-уми октябр тамдид кард. Айни ҳол барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳафт нафар номзад шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, яке аз онҳост. Аз анҷоми маъракаи имзоҷамъкунӣ ба тарафдории номзадҳояшон то ҳол танҳо Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби халқӣ-демократӣ хабар додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |