Раҳмон дар Бадахшон: Аз “Карон” то мулоқот бо сокинони Хоруғ (Навшуда)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 8-уми октябр, озими вилояти Бадахшон шуда, айни ҳол дар ноҳияи Ванҷ қарор дорад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар Ванҷ гарм истиқбол намуданд: “Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи як нерӯгоҳи барқи обии 900 килловатта иштирок карда, изҳор дошт, ки дар назар аст, дар ноҳияи Ванҷ боз шаш нерӯгоҳи дигар мавриди истифода қарор бигиранд.”
Шарифзода афзуд, ки имрӯз инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи варзишгоҳ дар ноҳияи Ванҷ иштирок намуд, ки бо арзиши 2,5 миллион сомонӣ, бо маблағгузории раиси ширкати "Вастан" Нуралӣ Шарипов бунёд шуда, барои 13 ҳазор сокини ин навоҳӣ хизмат хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ имрӯз, инчунин мулоқоти президент бо фаъолони Ванҷ дар назар аст.
Абдуфаттоҳ Шарифзода илова намуд, ки сафари раисиҷумҳур дар Бадахшон се рӯз идома хоҳад дошт: “Баъди боздид аз Ванҷ Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз рафта, як майдони варзишӣ ва чанд иншоотро боз хоҳад кард. Инчунин раисиҷумҳур аз қалъаи таърихии «Карон» дидан мекунад ва сипас ба навоҳии Шуғнон ва шаҳри Хоруғ сафар карда, бо мардуми онҷо мулоқот хоҳад кард.”
Ба иттилои Шарифзода сафари кории президент дар навоҳии Бадахшон 11-уми октябр ба анҷом хоҳад расид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |