Убайдуллоев таҳдид кард, ки муовинонашро аз кор меронад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 7-уми окятбр дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ ба муовинонаш ва масъулини дигари шаҳрдорӣ ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи беэътиноӣ нисбати муроҷиати шаҳрвандон онҳоро аз кор озод хоҳад кард.
Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар ҷаласа, ки бо ҳузури роҳбарони тамоми ниҳодҳои шаҳрӣ гузашт, Убайдуллоев пешниҳоди шаҳрвандону фаъолони пойтахтро барои беҳбуди кори ҳукумат ба баррасӣ гирифтааст: “Раиси шаҳр муқаррар намуд, ки минбаъд дар сурати беэътиноӣ зоҳир намудан дар баррасии муроҷиати шаҳрвандон нисбати масъулин аввал танбеҳ ва сипас чораҳои ташкилӣ то ҳадди аз ишғоли мансаб озод намудан андешида хоҳад шуд.“
Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ҳал нанамудани муроҷиати раиси маҳаллаи Авул-1, яъне барои то маҳаллаи Авул-2 тамдид накардани хатсайри автобуси №37 ба муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев ва барои саривақт ба муроҷиати сокинони маҳаллаи Саҳбо дар маврид ҷудо кардани қитъаи замин барои қабристон ҷавоб надодан ба масъулини кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе танбеҳ эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |