Се ҳамсари Зайд Саидов дар додгоҳ: “Мо бо ӯ зиндагӣ намекунем”
Рӯзи ҳафтуми октябр, ки баъд аз танаффуси якҳафтаина мурофиаи Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав” аз сар гирифта шуд, се ҳамсари ӯ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.
Додраси парванда бештар аз онҳо дар бораи зиндагии якҷояашон бо Зайд Саидов суол кардааст. Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, “ба мурофиа, ки дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ҷараён гирифт, Латофат Тоҳирова, Фирӯза Юнусова ва Парвина Аминова даъват шуда буданд.”
Ба қавли вакили мудофеъ, ин се нафар зиндагии якҷоя ё муштаракашон бо Зайд Саидовро рад карда, ба ин тартиб, иттиҳоми бисёрзанӣ нисбат ба ӯро дурӯғ номидаанд. Додситонии шаҳри Душанбе ҳанӯз дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ, қабл аз боздошти Зайд Саидов, ӯро ба серзанагӣ муттаҳам карда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд.
Додситонӣ гуфта буд, “мувофиқи маълумоти мавҷуда, Саидов дар як вақт бо чор зан зиндагӣ мекунад, ки ин хилофи меъёрҳои умумибашарии тамаддунӣ мебошад.” Ба иттилои ин ниҳод, Саидов аз зани аввалааш – Латофат Тоҳирова (1962) соҳиби 5 фарзанд, аз зани дуюмаш – Фирӯза Юнусова (1966) соҳиби 3 фарзанд, аз зани сеюмаш – Парвина Аминова (1982) соҳиби 2 фарзанд буда, зани чорумаш – Марина Орлова (1981) сокини шаҳри Курски Русия мебошад.
Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари “Тоҷикистони нав, 19-уми май ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуда, то ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар чандҳамсарӣ, қаллобӣ, ришват, сӯистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус муттаҳам медонанд. Вале оқои Саидов ин ҳамаро рад карда, иттиҳоми бофтаву сохта номидааст.
Мурофиаи ӯ аз 12 сентябр ба ин сӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ таҳти раёсати Шавкат Абдулхайров, додраси Додгҳи олӣ ҷараён дорад. То кунун афроде мисли Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара, Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати Бабилон, Сериқбол Окушев, тоҷири қазоқ иштирок ва шоҳидӣ додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |