Наришкин: Ба тоҷикон иҷозати 3-солаи кор дар Русия дода мешавад
Сергей Наришкин, раиси парлумони Русия, ки бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, рӯзи 7-уми октябр зимни як мулоқот дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон гуфт, барои тоҷикистониён дар Русия ҳаққи сесолаи кор пешниҳод хоҳад шуд.
Наришкин, ки ба Душанбе бо ҳамроҳии Константин Ромодановский, сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ФМС), омадааст, афзуд, айни ҳол гуфтушунид дар мавриди иҷозаи сесолаи кор миёни ниҳодҳои муҳоҷирати Тоҷикистону Русия идома дорад.
Гуфтугузор дар мавриди иҷозаи сесолаи кор барои тоҷикон дар Русия ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта, дар пайи сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Душанбе садо дода буд, аммо то ҳол муаллақ мондааст. Ахиран Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, зимни тасвиби созишнома дар бораи тартиби будубоши тоҷикон дар Русия аз Сафиаллоҳ Девонаев, сардори хадамоти муҳоҷирати кишвар хост, ки аз сафари феълии Ромодановский дар Душанбе истифода карда, масъалаи иҷозаи сесолаи корро ҳал кунад.
Наришкин инчунин зимни сафараш дар Душанбе бо Шукурҷон Зуҳуров ва раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот намуда, дар назар аст, баъди зуҳри имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда, аз пойгоҳи 201-и Русия низ дидан кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |