Тоҷикистон аз рейтинги озодии Интернет берун мондааст
Тоҷикистон вориди рейтинги озодии Интернет дар соли 2013, ки созмони Хонаи озодӣ ё Freedom House тартиб додааст, нашудааст.
Ба иттилои торнамои ca-news аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар баробари Тоҷикистон исми Туркманистон низ дар ин раддабандӣ мавҷуд нест.
Дар рейтинги Freedom House Узбакистон мақоми 78-умро муаррифӣ мекунад, ки «ноозод» шинохта мешавад. Дар қиёс ба соли 2012 Узбакистон ба як зина поин фуромадааст.
Дар феҳрасти озодии Интернет дар соли 2013 Қирғизистон бо 35 имтиёз дар ҷои 23-юм ва Қазоқистон бо 59 имтиёз дар зинаи 44-ум нишаста ва «қисман озод» шинохта мешаванд.
Дар мақоми аввал Исландия нишастааст. Мизони озодии Интернет дар ин кишвар 6 бал будааст. Эстония (9), Олмон ва ИМА (17 имтиёзӣ), ва Австралия (18) вориди панҷгонаи авваланд. Аз ҳама бад, Freedom House озодии Интернетро дар Эфиопии (79 бал), Сурия (85), Чин ва Куба (86 балӣ) ва Эрон (91) таъриф кардааст.
Озодиҳо дар паҳн намудани маълумот дар шабакаи ҷаҳонӣ, навъҳои сензур ва худсензур, маҳдудиятҳои қонунӣ, дараҷаи назорати Интернет аз сӯи ҳукумат, шароитҳои фаъолияти интернет-журналистҳо, ҳолатҳои истифодаи зур алайҳи фаъолони интернет ва ба ин монанд аз ченакҳое буда, ки мутахассисон дар асоси он озодии Интернетро дар кишварҳо баҳогузорӣ кардаанд.
Дар рейтинги имсола вазъи озодии Интернет дар 60 кишвар баррасӣ ва ба се гуруҳи шартӣ ҷудо шудаанд: «озод», «қисман озод» ва «ноозод».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |