Бахшҳо
07 окт 2013 12:24Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ҳакимов: "Бойкот!"; Бобоназарова: "Идома медиҳем!"

Бештари аъзои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ, шомили онанд, пешниҳоди бойкоти интихоботи рӯзи шашуми ноябрро рад намуданд. Ин пешниҳод рӯзи 7 октябр аз сӯи Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, дар ҷаласаи ИНИТ садо дод ва аммо бо мухолифатҳои шадид рӯбарӯ омад.

Аз ҷумла, Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, гуфт, шахсан тарафдори тамдиди замони ҷамъоварии имзо аз сӯи Кумисюни марказии интихобот аст ва ба муборизааш идома хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, ҷонибдорияш аз тамдиди мӯҳлати ҷамъоварии имзо на ба хотири номзад буданаш, балки “барои ислоҳи кишвар ва ояндаи фарзандони якояки мост. Мо аз чизе тарс надорем. Агар метарсидем, аслан вориди интихобот намешудем.”

Ҳакимов: "Бойкот!"; Бобоназарова: "Идома медиҳем!"Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори саршиноси тоҷик, низ ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, мухолифи пешниҳоди оқои Ҳакимов будани худро изҳор кард. Ва дар суханронии худ аз ҷомеаи Тоҷикистон даъват кард, ки барои ҷамъоварии имзо ба гуруҳи ташаббускори ситоди интихоботии Бобоназарова кумак намоянд.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфт, муҳлати ҷамъоварии имзоро ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ то 10 октябр дароз кардааст. Дар ҳоле ки қаблан муҳлати охирини ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ҳафтуми октябр таъин шуда буд. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ то кунун ба тарафдории номзадаш беш аз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардааст. Агар Кумисюни марказии интихобот муҳлати ҷамъоварии имзоро то се рӯзи дигар тамдид намекард, номзади ислоҳотхоҳон ва онҳое, ки 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ наовардаанд, имкони сабтиноми худ ба ҳайси номзади расмиро аз даст медоданд.

Айни ҳол барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳафт нафар номзад шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, яке аз онҳост.
Мӯҳр
Бойкот
Барои 210 хазор имзо ин кадар танкиси.Чи тавр дигар ба оянда бовар кунед ха. Ба 4,3 % овоз Президент шав. Боз пешаки БИБИОЛИЮ БИБИХОТУН. Бехтараш хозир хам вакт худатонро дар назди халк шарманда накарда даст кашед. Дар ин сурат 4 млн овоздиханда тарафдори даст кашидани шумо мегардад ва шумо дар даст кашидан дар интихобот сазовори чои аввал мегардед.Дар китоби рекордхои Гинес чой меёбед.
Озодагон такдири ин момаамро чоп кун.

Шахсан ба фикри банда байкот намудани интхобот аз тарафи Ислохотхохон маъние надорад ва бояд онхо то охир мубориза бурда дар интихобот ширкат варзанд, камбудихову конуншиканихоро назорат кунанд ва аз он хулосабарори намоянд. Байкоти онхо ба фоидаи ХХДТ хохад буд. Шонси ислохотхохон дар ин интихобот хеле хуб аст.
Ба назари банда вазъияти интихоботи кунуни шабех ба вазъи интихоботии соли 1994 аст ва шонси Намояндаи ХХДТ бо шонси мухолифин баробар аст. Имруз ислохотхохон хамон шонсеро доранд, ки соли 1994 Абдумалик Абдуллочонов дошт. Агар вокеан интихобот шаффофу демокрти гузарад, хатман дар давраи якум аллакай ё намояндаи мухолифин голиб меояд ва ё давраи дуюм миёни ХКДТ ва ИНИТ сурат мегирад. Агар ба овози худи мухолифин нигарем, онхо на камтар 20-25 фоизи овозро доранд. Чамъияти узбекзабонхои Точикистон эълон карданд, ки онхо ба хамон номзаде овоз медиханд, ки равобити хуби миёни Узбекистон ва Точикистон, аз чумла бархам додани раводидро ваъда дода тавонад. Якин аст, ки чунин ваъдаро номзади ХХДТ дода наметавонад. Яъне узбекзабонхо, ки 25 дар сади микдори овозхоро ташкил медиханд, низ ба номзади ислохотхохон овоз медиханд. Овози мухочирон бошад аллакай аник аст. Вазъияти ба сари онхо омада имконият намедихад, ки онхо ба тарафдории номзади ХХДТ овоз диханд. Дар дохили Точикистон низ ашхоси норози аз вайроншавии адолати суди, таъкиби макомоти хукук кам нестанд. Он тарафашро худатон хисоб кунед, ки шонси ки чи кадар аст?
Пас оё байкот кардани интихобот зарурияте дорад?

Давом.
Мо иншоаллох даст намекашему Худованд ба мо кумак мекунад иншоаллох мо пируз хам мешавем бо ердаму дасгирии Аллохи зулчаллох.

А
Ш хакимов аз як тараф хак аст

inshoalloh piruz nameshaved.tu kujovu hukumat kujo.

Шокирчон Хакимов одами бе тутурук нашавед!

салом дустон боз хамон чехрахое ки солхои 90-ум авзохи чумхуриро нотенч карда буданду бо ташабуси хаминхо садхо нафар чавонмардон чон додан ман фикр мекунам ки хар як шахрванди точик дигар намегузорад ки инхо сар бардорад

Раҳбарони Наҳзат ва дигар мyтаҳодонаш бояд етироф кyнанд ки инҳо муддати 7 сол натавонистан бо корҳои нек ва инсонии хyд ба қалбҳои мардyм наздик шаванд. Ин ки ҳyкyмат дар ҷами имзо монеа гузошт то ҷое дурyст аст вале дар ҳақиқат ин аҳзоб ҷyз ба ҷами молy амвол барои хyдy чанд лаганбардори хyд кори наҷибе барои миллат накарданд ва имрyз натиҷаро мебинанд. Локин боз ҳам агар тарафи ҳизби халқи димократи ва давлатмардони ҳозираро гирем онҳо ҳам кори самарабахше барои миллати фақири ва одии Тоҷик накарданд ҷyз ба хyдy хешовандон ва лаганбардорон дар тамоми минтаҳои кишвар.Аз ин ки амалан кори арзандае аз тарафи ин аҳзоб барои миллат ва дастгирии миллат надидам аз нокомии онҳо ҳам дилсард намешавам вале ҳамин зане ки аз тарафи ин аҳзоб пешниҳод гардида агар муваффақ гардад ба нафи тамоми миллат хоҳад бyд. Агар комёб гардад зарyр низоми димократии воқеиро хоҳем дид.

Демократия
Бале Шумо наметарсед холаи Ойнихол!Барои хамин хам бо хукумат як шудед......

Маъруф
Мухтарама Бобоназарова! шумо бутун содда будаед, агар Кабирию, Зоиров имзо чамъ карда метавонистанд, шуморо номзад пешбари мекарданд. Бехтараш аз худи Кабири пурс, ки мардум ба худаш дар вакти имзочамъкуни чи гапхо гуфт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)