Як сокини Ваҳдат: “Маро дар хона маҳкам карданд, то додамро президент нашунавад”

Мушаррафа Шарифова, як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки чанде пештар мақомот як қисми манзили ӯро тахриб (хароб ё вайрон) карда буданд, мегӯяд, натавонистааст ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияашон ӯро аз наздик бубинад. Оқои Раҳмон рӯзи 3 октябр бо як сафари корӣ ба Ваҳдат рафта, дар он ҷо чанд иншооти навро ифтитоҳ ва дар охир бо мардум сӯҳбат карда буд.
Вале хонум Мушаррафа дар сӯҳбат бо мо гуфт, мақомот ӯро барои он ки дар назди президент аз мушкили худ шкиоят накунад, дар хонаи худаш маҳкам намудаанд: “Маро кормандони ОМОН аз ду дастам гирифта, ба хона бурданду дарро бастанд.”
Ӯ дар идома гуфт, “бовар мекунед, аз моҳи июн аст, ки ба додгоҳ муроҷиат мекунем, мегӯянд намешавад. Ҳамон рӯз баъд аз мулоқоти президент бо мардум маро сар доданд ва рӯзи дигараш ба додситонӣ шикоят бурдам, гуфтанд, мо мебинем, лекин то ҳол ҳеч кор накардаанд.”
Мушаррафа Шарифова мегӯяд, дар баробари ӯ боз чанд нафари дигаре низ буданд, ки ба президент гуфтаниҳое доштанд, аммо муваффақ нашуданд. Мақомоти ноҳияи Ваҳдат бегоҳи 29-уми майи соли ҷорӣ қисме аз манзили сокини кӯчаи “20-солагии истиқлолият” (Туғдона) -- Мушаррафа Шарифоваро чаппагардон карда буданд.
Баъд аз шикояти Шарифова дар пайи тахриби хонааш Эраҷ Зоиров, сармеъмори шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат ба мо гуфта буд, манзили истиқоматии Шарифова вайрон нашуда, балки ошхонаи ӯ, ки дар назди ҳавлияш худсарона сохта шуда будааст, вайрон гардидааст. Ба қавли Эраҷ Зоиров, дар маҷмӯъ тибқи нақшаи генералии шаҳр манзили Шарифова ва ҳамсояааш Табарова пурра чаппа карда мешаванд ва дар ҷойи онҳо хонаҳои баландошёна сохта хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат бо фаъолони Ваҳдат мақомотро муваззаф кард, то сокинонро қабул ва ба арзи онҳо гӯш диҳанд. “Роҳбарони ҳукумат дар маҳалҳоро зарур аст, ба қабули шаҳрвандон ва баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии сокинон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро таҳлили арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба Дастгоҳи иҷроияи президент нишон медиҳад, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз аҳолии шаҳри Ваҳдат 240 аризаву муроҷиат ворид гардидааст, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 160 арзу шикоятро ташкил дода буд”,-таъкид кард оқои Раҳмон.Дар акс: Мушаррафа Шарифова
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |