Бахшҳо
07 окт 2013 10:55Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дастдарозии як устоди 60-сола ба номуси ду хонандаи мактаб

Мақомоти пулиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон як омӯзгори 60-солаи мактаби рақами ҳашти ин ноҳияро ба гумони дастдарозӣ ба номуси ду толиба боздошт кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳоло бар асоси қисми дуи моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи Маҳмадхӯҷа Бобохӯҷаев парванда боз шудааст. “Тафтиши қазияро додситонии ноҳияи Восеъ ба ӯҳда дорад, ки ҳанӯз хулосаашро ба мо надодааст",-афзуд ӯ.

Оқои Асадуллоев мегӯяд, ин омӯзгори шастсола нисбат ба ду хонандаи синфҳои ибтидоӣ, ки яке даҳсолаву дигарӣ нуҳсола будаанд, амалҳои шаҳвонидоштаро раво медидааст. Вай гуфт, ҳоло онҳо дар бораи духтарони ҷабрдида ва ҷузъиёти ин ҳодиса наметавонанд маълумоти бештаре ироа кунанд, чун ба қавли ӯ, “ин иттилоъ метавонад ба ҳаёти минбаъдаи духтарон сахт халал расонад”. Манбаъ дар посух ба суоли он ки оё чунин ҳодисаҳо дар солҳои охир зиёд шудаанд, ё камтар, гуфт, “дар ҳоли ҳозир дар ин бора маълумоти дақиқ надорам. Вале аз рӯи мушоҳидаҳо гуфтан мумкин аст, ки чунин ҳодисаҳо кам нашудааст”.

Соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон як омӯзгори 32-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барои дастдарозӣ ба номуси шогирдони хурдсолаш ба 25 соли зиндон маҳкум карда буд. Волидони чанде аз хонандагони мактабе дар деҳаи Қулсанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфта буданд, ки ин омӯзгор ду соли охир нисбат ба шаш духтари хурдсол, ки дар синфи дуюм мехондаанд, амалҳои бадахлоқонаро раво дидааст.
Мӯҳр
Ин хонандахо духтар бошанд ё писар. Ба хар хол кори бадтарин аст. Агар чунин бошад пас "ЛАЪНАТИ ХУДО" бар хамон муаллими 60-сола. У дар фикри мурдан неву дар андешаи шахват будааст. "Марг болои у бод" Бо кадом номусу вичдон ба ноболиги 9-сола мераси? Хамин хел одамо обруи миллату давлатро рехтанд!!!

ф
Чаро намегуед, ки ин омузгор аъзои ХХДТ аст?

Баъд
Мебахшед хаминро нафахмиден,ки бо аз хнит набошад.

Саид
Ин натичаи тахочуми фарханги бегон аст

Дар бораи хизбияти муаллими бадахлок чизе муайян нест? Агар ин муаллим узви ХНИТ мешуд хатман хама корхои бадахлоконаашро тарики ТВ "Бахористон" ба фарзандонамон нишон медоданд. Аз он ки дар "Бахористон" намоиш надоданд ба хулосае омадан мукин аст, ки ин муаллим ё гайрихизби аст ва ё узви ХХДТ. Зеро дар хама мактабхо аксари муаллимон ё гайрихизбиянд ва ё узви ХХДТ. Узви ХНИТ-ро дар мактабхо рох намедиханд.

SG
Az in khel ustodon hamin khel shogirdoni ahmak ba kamol merasand man pisaronro dar nazar doram. Oilahoyashon hatto idora karda nametavonad jamiyat az kujo chi boyad kard to kay chashm pushid?

Станислав Говорухин
шокир,
Вай узви ХХДТ буд ва яке аз фаъолони таргиботи пешазинтихоботии ЧО

Чунин шахсони хайвонсириштро бояд дар байни халк кушт. То ин ки ба дигарон дарси ибрат гардад. Онхо набояд дар ин руи замин умр ба сар баранд.

Шукри Худованд, ахиран ВКД фахмид, ки ному насаби чабрдидахои ин хел чиноятхоро фош кардан мумкин нест! Зиёд навиштем, ба гушу хушашон расид ахиран. Лекин чандин кудаку духтари бечораро то ин вакт шарманда карда буданд.

man
Айби муаллими "бечора" нест, тарики тамоми тв-и точик тачовус ба номуси ноболигонро намоиш медиханд у низ омухтааст.

man,
Ачаб шархи хандовар. Муаллими "бечора"-и 60 сола аз ТВ дигар чизе наомухту дастдарози ба ноболигонро ёд гирифт. Агар телевизионхо намоиш надиханд, санг мепартоем, ки чаро мардумро огох намекунанд, агар намоиш диханд боз хам санг мепартоем....

Зафар аз Восеъ
Вах ин хамон муаллими Махмадхуча аст? О ура ман мешиносум. У аъзои ХХДТ аст! Вах нобакорееееее! Чаро узвиятша наменависен? О ага узви ХНИТ мебуд ба навор гирифта нишон медодед ку!

саид
Хабарнигорҳои ТВ Тоҷикистон дар чунин ҳолат фақат наҳзати ё чалламуллоҳоро мебинанд!вагар маорифу мактаб шуд ба таври автомоти кару куру гунг мегарданд!!!!

اسلام شناس
به نام خدا
نیجه دوری و مخالفت با قانون های خداوند همین است
منتظری بدتر از این هم باشید

Омузгор
Дуруст гуфти бародарам Шокир ман низ омузгор будам, вакте фахмиданд, ки узви ХНИТ хастам хостанд чунин кунанд, аммо Худованд пеши рохашонро гирифт ва дасташонро ру кард. Маро бошад, бо бахонаи рохам дур будан аз кор ронданд... Боз шарм накарда фарёд мезананд, ки кадр намерасад. Фаромуш накунед!!! - мо муаллимони нахзати мисли узвхои ХХДТ нестем!!! Мо шиор дорем: ИМОН БА ХУДО САДОКАТ БА ВАТАН ХИДМАТ БА МАРДУМ. Ин тухматхои онон обруи худашонро мебарад. Мардумро фиреб дода наметавонанд асри 21 аст охир.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)